Дар чорабинӣ, ки таҳти шиори «Як Ватан, як халқ, як парчам!» доир шуд, донишҷӯёни ӯзбекистонии муассисаҳои таҳсилоти олии Чин, ҳамватанони дар ин кишвар фаъолиятдошта, инчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки бо сафари хизматӣ дар Пекин қарор доштанд, иштирок карданд. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Дунё» хабар медиҳад.
Ба иштирокчиён оид ба мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Парчами давлатӣ» маълумот пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Парчами Ӯзбекистон рамзи кишвар буда, роҳи таърихӣ, фарҳанг ва арзишҳои халқи онро таҷассум менамояд.
Ба болоравии нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ, дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва илм, инчунин рӯз аз рӯз баландтар афрохта шудани Парчами давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамватанон ҳамчунин бо ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаҳои маориф, илм ва инноватсия амалӣ мешаванд, муфассал шинос карда шуданд. Онҳо даъват гардиданд, ки дар рушди пайвастаи ин самтҳо дар кишвар саҳми худро гузоранд.
Дар анҷоми чорабинӣ, ки дар фазои озоду созанда баргузор шуд, ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандон посухҳои муфассал дода шуданд. Иштирокчиён ҳамчунин аз таомҳои миллии ӯзбекӣ баҳра бурданд.