Дар оғози мулоқот роҳбари кишвари мо ба раҳбари Чин барои табрикоти самимӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли Ӯзбекистон ва саҳми шахсии ӯ дар таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Чин изҳори сипос намуд.

Соли оянда кишварҳо 35-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатиро таҷлил хоҳанд кард. Пешниҳод шуд, ки барои таҷлили васеи ин санаи муҳим барномаи чорабиниҳо таҳия карда шавад.

Дар солҳои охир муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Тамосҳо дар ҳама сатҳҳо пайваста таҳким ёфта, муколамаи сиёсӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва технологӣ рушд карда, мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ густариш меёбад.

Ҷонибҳо барои идомаи Муколамаи стратегии низомманд миёни мақомоти сиёсати хориҷӣ ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ баромад карданд. Тағйирнопазирии мавқеи Ӯзбекистон дар дастгирии сиёсати «Чини ягона» ва муборизаи пайгирона алайҳи «се неруи бадӣ» тасдиқ гардид.

Ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Соли гузашта ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба ҳудуди 18 миллиард доллар наздик шуд. Боварӣ ба афзоиши минбаъдаи он изҳор гардид.

Пешниҳод шуд, ки дар солҳои наздик ҳадафи нави гардиши мол дар сатҳи 30 миллиард доллар муайян карда шавад. Бо ин мақсад корҳо оид ба афзоиши ҳаҷми содироту воридоти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин иштироки фаъоли корхонаҳои Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои тиҷоратии Чин идома хоҳанд ёфт.

Ҳаҷми лоиҳаҳои муштараки амалкунандаи сармоягузорӣ тақрибан ба 60 миллиард доллар мерасад ва дар Ӯзбекистон беш аз 6 ҳазор корхонаи муштарак фаъолият мекунад.

Самтҳои ояндадори ҳамкории саноатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати химия, металлургия, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти ғизоӣ, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ ва технологияҳои пешрафта муайян гардиданд. «Нуқтаҳои рушд» дар иқтисоди рақамӣ, саноати кӯҳӣ, азхудкунӣ ва коркарди захираҳои маъданӣ густариш хоҳанд ёфт.

Ҳамкории технологӣ бо ширкати BYD оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ ҳамчун намунаи муваффақ арзёбӣ гардид. Нақшаҳо оид ба афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва сатҳи маҳаллисозӣ дастгирӣ шуданд.

Ба ширкатҳои чинӣ пешниҳод гардид, ки дар таъсиси корхонаҳо дар минтақаҳои саноатии муштараки минтақаҳои Ӯзбекистон фаъолонатар иштирок кунанд.

Ҳавасмандӣ дар густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешрафтаи молиявии Чин ва афзоиши ҳузури онҳо дар кишвари мо таъкид гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика баҳои баланд гирифт. Ӯзбекистон аз густариши шарикӣ дар соҳаҳои энергетикаи анъанавӣ ва алтернативӣ, инчунин ҷалби ширкатҳои чинӣ ба лоиҳаҳои истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ манфиатдор аст.

Мубодилаи байни минтақаҳо фаъолона рушд мекунад. Ҳамаи вилоятҳои Ӯзбекистон бо музофотҳои Чин ҳамкории фаъол дошта, портфели назарраси лоиҳаҳои муштаракро амалӣ мекунанд. Моҳи май дар шаҳри Сиан форуми сеюми минтақаҳо баргузор гардид.

Ба рушди пайвастагии нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Сохтмони роҳи оҳани стратегии Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон самаранок идома дорад. Боварӣ изҳор гардид, ки ин масир ба як ҳалқаи муҳими меъмории нақлиётии Авруосиё табдил ёфта, пайвастагиро дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» таҳким мебахшад.

Масъалаҳои густариши табодули сайёҳӣ ва гуманитарӣ низ дар рӯзномаи музокирот ҷойгоҳи муҳим доштанд. Низоми бидуни раводид амал мекунад. Нақшаҳои густариши ҷуғрофияи парвозҳо ва афзоиши басомади хатсайрҳои ҳавоӣ миёни шаҳрҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

Корҳо оид ба таъсиси Марказҳои фарҳангии Ӯзбекистон ва Чин пайваста идома доранд. То охири сол баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Чин ба нақша гирифта шудааст. Пешниҳод шуд, ки Барномаи чорабиниҳои фарҳангӣ барои солҳои 2027–2029 қабул карда шавад.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва омодасозии кадрҳо идома дорад. Фаъолияти «Устохонаҳои Лу Бан» ва институтҳои Конфутсий, инчунин рушди лоиҳаҳои муштараки таълимӣ дар минтақаҳо идома хоҳад ёфт.

Ӯзбекистон ба густариши минбаъдаи омӯзиши забони чинӣ, барномаҳои таълимии байнидонишгоҳӣ ва афзоиши квотаҳо барои таҳсили ҷавонони ӯзбекистонӣ дар Чин манфиатдор аст.

Азхудкунии фазои кайҳонӣ ҳамчун самти ояндадори ҳамкорӣ муайян гардид.

Ба амиқтар кардани шарикии минтақавӣ дар формати «Чин – Осиёи Марказӣ» ва омодагӣ ба саммити сеюми он, ки соли оянда дар Чин баргузор мешавад, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Президенти Ӯзбекистон роҳбари ҶМЧ-ро даъват кард, ки ба кишвари мо сафари расмӣ анҷом диҳад. Мулоқот дар фазои анъанавии эътимод, кушода ва дӯстона баргузор гардид.