Маблағҳо барои татбиқи барномаи «Беҳтарсозии низомноки натиҷаҳои хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар вилояти Самарқанд» (SHIFO-1) равона карда мешаванд. Барнома ҳудуди 4,3 миллион сокини вилоятро фаро мегирад.

Дар доираи барнома навсозии беш аз 400 поликлиникаи оилавӣ, инчунин омода ва сертификатсия намудани зиёда аз 6 400 корманди тиб, аз ҷумла 1 250 табиби оилавӣ ва 5 000 ҳамшираи шафқат пешбинӣ шудааст.

Ба густариши хизматрасониҳои рақамии тиббӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Қарор аст платформаи миллии D-MED бо феҳристи электронии беморон ва воситаҳои такмили идоракунии вазъи саломатии аҳолӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мукаммал карда шавад.

Ин имкон медиҳад, ки 330 ҳазор нафар калонсолон бо мақсади ошкор намудани омилҳои хавфи бемориҳои дилу раг аз муоинаи скринингӣ гузаронида шуда, раванди табобати 250 ҳазор бемор зери назорат қарор дода шавад.

Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, татбиқи барнома ҳамчунин тавассути беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва тахассуси кормандони тиб барои таъсиси тақрибан 28 800 ҷойи нави корӣ бо музди баландтар мусоидат хоҳад кард.

Арзиши умумии барномаи SHIFO-1 525 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 100 миллион долларро Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (МАР) дар шакли қарзи имтиёзнок пешниҳод мекунад. 425 миллион доллари боқимондаро Ҳукумати Ӯзбекистон таъмин менамояд.

Татбиқи барномаро Вазорати иқтисод ва молия, Вазорати тандурустӣ ва дигар идораҳои дахлдор таъмин хоҳанд кард. Муҳлати амалисозии он то моҳи декабри соли 2028 муқаррар шудааст.