Зиёиёни эҷодкор, шоиру нависандагон, олимон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, журналистони собиқадор ва ҷавонону донишҷӯён иштирокдорони чорабинӣ буданд.

Китобе, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии таҳририяи рӯзномаи "Янги Ӯзбекистон" таҳия шудааст, маҷмуаи фарогире ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти гуногунҷанбаи давлатӣ ва сиёсии Президент  Шавкат Мирзиёевро дар тӯли соли 2025 таҷассум мекунад.

Дар ин нашр корҳои анҷомдодашуда дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, дипломатияи байналмилалӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, устувории экологӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва маориф дар асоси аксҳо, манбаъҳои ҳуҷҷатӣ ва шарҳҳои таҳлилӣ бозтоб ёфтаанд.

Нотиқон дар маросими рӯнамоӣ таъкид карданд, ки дар китоб рушди Ӯзбекистони Нав, мулоқотҳои сарвари давлат бо мардум, тағйироти дар минтақаҳо амалишуда, инчунин ташаббусҳое, ки ба баланд бардоштани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ равона шудаанд, пайдарпай инъикос гардидаанд.

Тавре раиси Иттифоқи журналистон Шуҳрат Орипов зикр кард, ин китоб бо рӯҳи бадеиву публитсистӣ нишон медиҳад, ки сарвари давлат бо фикру хаёли мардум зиндагӣ карда, фаъолияти фидокоронаашро баҳри рушди давлат ва арзишҳои инсонӣ равона намудааст.

— Хонанда ҳангоми мутолиаи асар на танҳо бо равандҳои сиёсӣ ошно мешавад, балки меҳнати бузург баҳри рушди кишвар, матонат ва масъулияти бузургро низ эҳсос мекунад, — мегӯяд Шухрат Орипов.

Сармуҳаррири рӯзномаҳои "Янги Ӯзбекистон" ва "Правда Востока" Салим Дониёров таъкид кард, ки ғояи таҳияи китоб бар асоси муроҷиатҳои хонандагон ва ҷомеаи васеъ ба миён омадааст.

— Дурусттар мебуд, агар ин ғояро ғояи ҷомеаи васеъ номем. Мо дарк кардем, ки дар посух ба муроҷиатҳои пайвастаи хонандагон, дӯстдорони китоб ва муштариён ҳатман бояд чунин китобҳоро ҷамъоварӣ ва нашр кунем, — гуфт Салим Дониёров.

Тавре дар маросими рӯнамоӣ зикр гардид, соли 2025 барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо соли гардишсоз гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бори аввал дар таърих аз марзи 145 миллиард доллар гузашт ва захираи тиллову асъор аз 60 миллиард доллар бештар шуд.

Дар китоб на танҳо рақамҳо ва маълумоти оморӣ, балки ислоҳоти пайгирона, ҳалли мушкилот дар маҳалҳо ва равишҳои нави идоракунии давлатӣ, ки пушти ин нишондиҳандаҳо қарор доранд, дар заминаи таҳлилӣ инъикос ёфтаанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ қайд карданд, ки китоби «365 рӯз дар фикру хаёли Ватан» барои сиёсатшиносон, таърихшиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон, донишҷӯён, ҷавонон ва доираи васеи дӯстдорони китоб, ки ба омӯзиши равандҳои ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав таваҷҷуҳ доранд, манбаи муҳим ба ҳисоб меравад.