Сарвари давлати
мо роҳбари Русияро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани интихобот ба
Думаи Давлатӣ самимона табрик
гуфта, ба ҳайати нави парлумон дар фаъолияти худ муваффақиятҳои назаррас орзу
кард.
Зимни суҳбат
масъалаҳои минбаъд таҳким ва густариш додани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Русия дар заминаи татбиқи
тавофуқҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуданд.
Муҳимияти
самаранок баргузор намудани ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои
минтақаҳо, инчунин баргузории рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Русия таъкид
гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷадвали
чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.