Тибқи маълумоти мавҷуда, 9 сентябр тақрибан соати 23:00 ҳангоми гузаронидани рейди фаврӣ дар маҷрои дарёи Сирдарё Мирзо Ботиров бо муқовимати шахсоне рӯ ба рӯ шуд, ки бо истифода аз дастгоҳи барқии моҳидорӣ ба таври ғайриқонунӣ моҳӣ сайд мекарданд. Дар натиҷа, инспектор ба об афтод.

Корҳои ҷустуҷӯӣ якҷо бо ташкилотҳои дахлдор анҷом дода шуданд. 10 сентябр ҷасади Мирзо Ботиров пайдо гардид.

Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим ба аҳли оила ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ намуд.

Айни замон барои расонидани кумаки моддӣ ва дигар навъҳои дастгирӣ ба оилаи Мирзо Ботиров чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамчунин тамоми ҳолатҳои ҳодисаи мазкур муайян карда мешаванд.

Мирзо Ботиров фаъолияти касбии худро ба ҳифзи муҳити зист бахшида буд. Меҳнати фидокоронаи ӯ дар самти ҳифзи табиат ва таъмини риояи талаботи қонунгузории экологӣ, инчунин ҷасорат ва садоқати ӯ ба вазифаи хизматӣ баъди марг қадрдонӣ хоҳанд шуд. Инспектор бо нишони сарисинагии «Муҳофизи табиат» мукофотонида мешавад.