Бозгашти ҳамватанон натиҷаи ҳамкории ҳамоҳангшудаи мақомоти салоҳиятдори Ӯзбекистон ва Шветсия гардид, хабар медиҳад ИА «Дунё».

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба тамоми расмиёти ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла муайян кардани шахсияти шаҳрвандон, омода кардани ҳуҷҷатҳо ва таъмини интиқоли бехатар, ба таври фаврӣ мувофиқа шуданд.

Ӯзбекистон ба таври доимӣ ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират, аз ҷумла дар самти пешгирии вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ӯзбекистон дар хориҷ аз кишвар идома медиҳад.