Тибқи натиҷаҳои пешгӯӣ, дар солҳои наздик шумораи таваллудҳо дар Ӯзбекистон афзоиш хоҳад ёфт:

соли 2030 – 892,7 ҳазор нафар;

соли 2040 – 1 миллиону 16,1 ҳазор нафар;

соли 2050 – 1 миллиону 234,1 ҳазор нафар.

Ҳамин тариқ, пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 шумораи таваллудҳо дар муқоиса бо соли 2025 ба 354,5 ҳазор нафар, ё 40,3 фоиз афзоиш меёбад.

Баландтарин суръати афзоиш дар минтақаҳо:

вилояти Тошканд – 62,0 фоиз;

шаҳри Тошканд – 61,0 фоиз;

вилояти Андиҷон – 48,6 фоиз;

вилояти Самарқанд – 43,3 фоиз;

вилояти Намангон – 42,4 фоиз.

Дар мавриди коэффисиенти умумии таваллуд бошад, дар дурнамои миёнамуддат камшавии андаке ва баъдан афзоиши устувори он пешбинӣ мешавад. Дар ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда чунин хоҳад буд:

соли 2030 – 21,2 промилле;

соли 2040 – 20,8 промилле;

соли 2050 – 21,9 промилле.

Минтақаҳое, ки дар соли 2050 коэффисиенти пешбинишавандаи таваллуд дар онҳо баландтарин хоҳад буд:

вилояти Сурхондарё – 24,7 промилле;

вилояти Қашқадарё – 23,8 промилле;

вилояти Намангон – 23,1 промилле;

вилояти Самарқанд – 23,1 промилле;

вилояти Андиҷон – 22,9 промилле;

шаҳри Тошканд – 22,3 промилле.

Афзоиши пешбинишавандаи шумораи таваллудҳо дар солҳои минбаъда боиси афзоиши талабот ба инфрасохтори маориф, тандурустӣ, таҳсилоти томактабӣ, таъмини манзил, хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва бозори меҳнат хоҳад шуд.

Дар ин робита, арзёбии пешакии тағйироти демографӣ имкон медиҳад, ки захираҳои давлатӣ самаранок тақсим карда шуда, минтақаҳо ба таври ҳамаҷониба рушд дода шаванд ва сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ба таври стратегӣ ба роҳ монда шавад.