Бино ба иттилои агентии байналмилалии иттилоотии «Kazinform», тибқи фармони вазири корҳои дохилӣ,
кормандони ХПП танҳо дар доираи вазифаҳои хизматии худ бо шаҳрвандони хориҷӣ,
инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаршуда
тамос мегиранд. Аз ҷумла, сухан дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо,
расонидани маълумот дар бораи ҷадвали ҳаракати нақлиёт, инчунин роҳнамоӣ оид ба
ҷойгиршавии меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ меравад, хабар медиҳад АИ
"Дунё".
Ҳамчунин, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва
шахсони бешаҳрванд, кормандони полис ба муҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ, иҷозатномаи
иқомат ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, мавҷудияти раводид (виза) ва дигар ҳуҷҷатҳое,
ки будубоши қонунии онҳоро дар қаламрави Қазоқистон тасдиқ мекунанд, диққати
махсус медиҳанд. Дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ, кормандони полис мутобиқи
Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ чораҳои дахлдор меандешанд.
Бо тағйироти нав баъзе аз вазифаҳои хадамоти патрулӣ-постӣ
низ мушаххас карда шудаанд. Аз ҷумла, кормандони ХПП ба воҳидҳои хадамоти муҳоҷират
ҳангоми ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мусоидат намуда, онҳоро
то гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, кормандони полис уҳдадоранд фавран қисми
навбатдориро аз ҳолатҳое, ки шаҳрванди хориҷӣ аз қатора ё ҳавопаймо қафо
мондааст, инчунин аз ҳуқуқвайронкуниҳо бо иштироки хориҷиён, ҳолатҳои муҳоҷирати
ғайриқонунӣ ва масирҳои маълумии интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ огоҳ намоянд.
Ҳамин гуна тағйирот ба дастурамали адои хизмати патрулӣ-постӣ
ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳаракати роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин
ва роҳҳои автомобилгарди берун аз шаҳр низ ворид шудааст.