Дар ин бора Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар додааст.
Онҳо ба шаҳрвандон аз номи бонкҳои гуногун занг зада, хабар медоданд, ки гӯё касе бо истифода аз номи онҳо барои гирифтани қарз муроҷиат кардааст. Бо ин роҳ, ҷинояткорон маълумоти шахсии шаҳрвандонро ба даст оварда, маблағҳои кортҳои бонкии онҳоро тасарруф мекарданд ва ба номи онҳо қарзҳои онлайнӣ мегирифтанд.
Илова бар ин, шахсони дигари вобаста ба ин гурӯҳ дар насби дастгоҳҳои ғайриқонунии GSM-шлюзҳо иштирок доштаанд. Дар байни онҳо корманди шуъбаи амнияти киберии яке аз бонкҳои бузург низ будааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ 8 миллион доллари аз роҳи ҷиноят бадастомада тавассути ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қалбакӣ ба дороиҳои криптоӣ табдил дода шуда, ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст ва қонунӣ гардонида шудааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки 10 нафар ба фаъолияти ин гурӯҳ даст доранд.