Сарони давлатҳо дар назди муҷассамаи Низомии Ганҷавӣ дарахт шинонданд.
Ба роҳбарон оид ба раванди сохтмони маҷмааи донишгоҳӣ ва нақшаҳои рушди инфрасохтори таълимӣ ва кампус маълумот пешниҳод гардид.
Сохтмони кампус дар масоҳати 40 гектар дар ду марҳила амалӣ мешавад. Дар ин ҷо бунёди биноҳои таълимӣ барои 20 ҳазор донишҷӯ ва хобгоҳҳо барои 5 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.
Дар доираи марҳилаи аввал бинои таълимии панҷошёна барои 12 ҳазор нафар ва маҷмааи муосири лабораторӣ сохта шудааст.
Президентҳо бо муҳити таълимӣ ва илмии дар кампус фароҳамомада, маркази иттилоотию захиравӣ, инчунин намоишгоҳи осорхонаӣ бахшида ба мероси Низомии Ганҷавӣ шинос шуданд.
Дар осорхона ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги озарбойҷонӣ Низомии Ганҷавӣ, мероси ғании маънавии ӯ, инчунин робитаҳои чандинсолаи фарҳангӣ ва адабии миёни халқҳои ӯзбеку озарбойҷонӣ муаррифӣ шудаанд.
Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар наздикшавии минбаъдаи ду халқи бародар ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи арзишҳои муштараки маънавӣ аҳамияти муҳим доранд.