Дар
ин бора Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Бангкок хабар дод.
Шаҳрвандони
Ӯзбекистон, ки ният доранд ба Таиланд сафар кунанд, бояд пешакӣ раводиди вурудӣ гиранд. Барои
ин зарур аст, ки тавассути портали расмии электронии раводиди Подшоҳии Таиланд
— Thai e-Visa дархости электронии раводид пур карда шавад.
Пас
аз пур кардани дархости электронии раводид, довталаб бояд шахсан ба Сафорати Подшоҳии Таиланд дар Федератсияи
Русия дар шаҳри Москва барои пардохти боҷи консулӣ муроҷиат кунад.
Ба
шаҳрвандоне, ки баъд аз 15 сентябри соли 2026 ба Таиланд сафар карданӣ ҳастанд,
тавсия дода мешавад, ки пешакӣ бо талаботи нави вуруд шинос шуда, ҳуҷҷатҳои
заруриро то оғози сафар омода намоянд.