Дар ҷараёни сафар ҳайат бо татбиқи лоиҳа, рафти корҳои сохтмону васлкунӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва марҳилаҳои асосии сохтмони неругоҳи оянда шинос шуданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи истифодаи таҷрибаи Беларусро дар бунёди неругоҳҳои атомӣ, аз ҷумла дастгирии коршиносӣ дар марҳилаҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи минбаъдаи неругоҳи атомии Ӯзбекистон баррасӣ карданд.

Ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи энергетикаи атомӣ, табодули таҷрибаи амалӣ ва густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии соҳавии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.