Барои маълумот, 15 июли соли 2026 истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ 291,4 миллион киловатт-соатро ташкил дод, ки он низ рекорди нав мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба рекорди қаблӣ (287,3 миллион киловатт-соат, 14 июл) 4,1 миллион киловатт-соат ё 1,43 фоиз зиёд аст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, бо мақсади таъмини устувории барқрасонӣ дар давраи афзоиши истеъмол, гурӯҳҳои таъмиру барқарорсозии корхонаҳои энергетикӣ дар низоми пурзӯр фаъолият намуда, носозиҳо ва ҳолатҳои садамавиро дар шабакаҳои барқ фавран бартараф мекунанд.

Аз ҷумла, рӯзи гузашта мутахассисон носозиҳои дар баъзе қитъаҳои шабакаҳои барқ баамаломадаро дар ноҳияҳои Учтепа, Чилонзор, Шайхонтоҳур, Мирзо Улуғбек, Яшнобод ва Сергелии шаҳри Тошканд зуд бартараф карданд.

Ҳамчунин, соати 10:56 дар хатти интиқоли барқи «Л-Арсиф-1» дар вилояти Фарғона носозӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, як қисми истифодабарандагони ноҳияи Қува муваққатан аз барқ маҳрум гардиданд. Соати 11:35 носозӣ пурра бартараф шуда, таъминоти барқ пурра барқарор карда шуд.

Илова бар ин, 16 июл соати 00:12 дар як зеристгоҳи барқии шаҳри Тошканд низ носозӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияҳои Чилонзор ва Яккасарой қатъи муваққатии нерӯи барқ мушоҳида мешавад. Корҳои бартарафсозии мушкилот идома доранд.

Дар кишвар татбиқи барномаи навсозии нерӯгоҳҳо, зеристгоҳҳо, нуқтаҳои трансформаторӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар таҷҳизоти энергетикӣ, инчунин афзоиши иқтидори онҳо идома дорад. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар давраи сарбории мавсимӣ мусоидат мекунанд.

Дар соатҳои авҷи истеъмол дар баъзе минтақаҳо бинобар носозиҳои техникӣ дар шабакаҳои барқ эҳтимоли қатъи муваққатии барқ вуҷуд дорад. Кормандони соҳаи энергетика шабонарӯзӣ барои таъмини барқрасонии устувор фаъолият доранд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои гарми сол ба саломатии худ ва наздиконашон диққати махсус диҳанд ва аз неруи барқ оқилона истифода баранд. Ин ба ҳар як шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар таъмини устувории низоми барқрасонӣ саҳми худро гузорад.