Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои рушди манбаъҳои
барқароршавандаи энергия, навсозии инфрасохтори энергетикӣ, баланд бардоштани
самаранокии соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори сармоягузориро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши иқтидорҳои энергияи "сабз"
дар Ӯзбекистон ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи байналмилалӣ ва роҳҳалҳои
инноватсионӣ дар бахши энергетика зоҳир гардид.
Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ
ва таъмини рушди устувори низоми энергетикии кишвар табодули назар карданд.
Барои маълумот: Adani Group
яке аз бузургтарин ширкатҳои хусусии Ҳиндустон буда, дар бахшҳои энергетика,
манбаъҳои барқароршавандаи энергия, логистика ва инфрасохтор фаъолият мекунад.