Дар ноҳияи Мирзо-Улуғбеки Тошканд сохтмони низоми захираи
энергия бо иқтидори 150 МВт (300 МВт/соат) ба маблағи 86,1 миллион доллар оғоз
гардид.
Илова бар ин, дар оянда дар ҳамкорӣ бо ин шарик бунёди неругоҳи
захираи энергия бо иқтидори 200 МВт (800 МВт/соат) дар ноҳияи Ғиждувони вилояти
Бухоро ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 200 миллион долларро
ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Қунғироти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон
лоиҳаи сохтмони неругоҳи бодӣ бо иқтидори 1 000 МВт ва хатти интиқоли барқ ба
дарозии 40 километр ба маблағи 1,06 миллиард доллар амалӣ мешавад.
Ин лоиҳаҳо ба таҳкими минбаъдаи зерсохтори энергетикии
кишвар, густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд
бардоштани устувории таъминоти барқ мусоидат хоҳанд кард.