Аз ҷумла, бо вазири давлатии савдо ва саноат Аҳмад бин Муҳаммад Ол Сайид ва вазири шаҳрдорӣ Абдуллоҳ бин Ҳамад бин Абдуллоҳ Ол Атия музокирот анҷом дода шуд.

Ҳамчунин, бо роҳбарони ниҳодҳои калидии рушди Қатар ва созмонҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла Агентии минтақаҳои озод, Фонди рушди Қатар, Агентии сармоягузории Қатар, Бонки рушди Қатар ва Ширкати истеҳсолоти саноатии Қатар мулоқотҳои судманд баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни музокирот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуданд.

Дар натиҷаи вохӯриҳо бо намояндагони ширкатҳои бузурги қатарӣ оид ба роҳандозии лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ, маориф, логистика, саноати кимиё, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ созиш ҳосил гардид.

Барои таҳияи нақшаҳои муфассали роҳ ва таъмини татбиқи самараноки созишҳои бадастомада роҳбарони масъул муайян шуда, механизмҳои ҳамкории минбаъда мувофиқа гардиданд.