Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи
тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатиро муҳокима намуданд. Зикр гардид,
ки ИМА яке аз шарикони калидии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад ва ҳаҷми гардиши мол
миёни ду кишвар дар соли 2025 аз 1 миллиард доллар гузаштааст.
Ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар
соҳаҳои энергетика, саноати истихроҷӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, молия ва технологияҳои
рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ
дар бахшҳои инноватсия, зеҳни сунъӣ, телекоммуникатсия ва дастгирии ташаббусҳои
соҳибкорӣ барои таҳкими робитаҳо табодули назар карданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими мулоқот имзои Ёддошти тафоҳум
байни Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон ва Хадамоти тиҷоратии
ИМА гардид. Ин санад ба дастгирии ҳайатҳои соҳибкорӣ аз минтақаҳо, рушди робитаҳои
байниминтақавӣ, тавсеаи тамосҳо ва пешбурди лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ равона
шудааст.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи
шарикии стратегӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави муштарак таъкид намуданд.