Дар мусобиқа тақрибан 1 500 варзишгар аз 55 кишвар барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза бурданд.

Ӯзбекистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 61 варзишгар намояндагӣ карданд. Дар натиҷаи рақобатҳо намояндагони кишвари мо 15 медал — 3 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумии даставии медалҳо тими Ӯзбекистон мақоми 6-умро ишғол карда, ба қатори дастаҳои пурқуввати чемпионати ҷаҳон дохил шуд.

Дар фурудгоҳи ба номи Ислом Каримов дар Тошканд варзишгаронеро, ки Ӯзбекистонро дар мусобиқаи ҷаҳонӣ сазоворона намояндагӣ карданд, намояндагони роҳбарияти Ассотсиатсияи ММА-и Ӯзбекистон ва наздикони онҳо истиқбол гирифтанд.