Дар шаҳри Қӯқанд зимни кофтукови хонаи марди 44-сола, ки қаблан
маҳкум шуда буд, дар ҳузури шахсони холис аз таҳхона 782 адад флакони доруи сахттаъсири «Тропикамид»
ёфт шуд.
Дар ҳолати дигар, дар хонаи марди соли таваллудаш 1975 мақомоти
ҳифзи ҳуқуқ 758 грамм ҳашиш, шаш корд
бо изи маводи нашъаовар ва чор тарозуи электронӣ мусодира
карданд.
Ҳодисаи
дигар дар вилояти Намангон ошкор шуд. Зимни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ноҳияи
Намангон автомашинаи Lacetti,
ки аз Фарғона ба Намангон ҳаракат мекард, боздошт шуд. Дар дохили мошин, ки
онро сокини ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона, соли таваллудаш 1998, идора
мекард, 465 грамм ҳашиш
ошкор ва мусодира гардид.
Аз
рӯи ҳамаи ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои
ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Айни ҳол корҳои тафтишотӣ идома доранд.