Тавре хабар дода мешавад, дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки
аз ҷониби Раёсати Хадамоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззах
ва мақомоти прокуратура гузаронида шуд, фаъолияти ғайриқонунии адвокате, ки дар
ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд фаъолият мекард, ошкор гардид. Ӯ бо истифода аз
шиносҳои мансабдори худ барои кӯтоҳ кардани муҳлати ҷазои маҳкуме, ки дар
муассисаи ислоҳии вилояти Ҷиззах адои ҷазо мекард, аз яке аз наздикони маҳкумшуда
15 ҳазор доллари ИМА гирифта, ҳангоми гирифтани маблағ бо далелҳои шайъӣ
боздошт шуд.
Ҳамчунин, адвокати дигаре, ки дар ноҳияи Қӯшработи
вилояти Самарқанд фаъолият мекард, ҳангоми иштирок дар мурофиаи судӣ ҳамчун ҳимоятгар
ба писари айбдоршаванда ваъда додааст, ки тавассути шиносҳои мансабдори худ
барои таъин шудани ҷазои сабуктар мусоидат мекунад. Барои ин ӯ 2 ҳазор доллари
ИМА талаб карда, ҳангоми гирифтани маблағи дархостшуда боздошт гардид.
Айни ҳол нисбати ҳар ду адвокат парвандаи ҷиноятӣ оғоз
шуда, тафтишот идома дорад