Сухан дар бораи роботи силсилаи M меравад, ки ҳамчун ёвари омӯзгорон фаъолият хоҳад кард. Робот аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ба инсон хеле монанд буда, метавонад дастҳо ва дигар узвҳои худро ҳаракат диҳад, аммо мустақилона дар дохили синф ҳаракат карда наметавонад, менигорад «Мир24».

Барои муошират бо хонандагон аз низоми шиносоии шахсият истифода мешавад, ки ба робот имкон медиҳад хонандагонро шиносад ва ба ҳар яки онҳо инфиродӣ муроҷиат кунад. Ҳамзамон робот бо лаҳҷаи хоси қисми ғарбии Ню-Йорк сухан хоҳад гуфт.

Бино ба иттилои расонаҳо, арзиши чунин робот тақрибан 57 ҳазор доллар мебошад, ки аз маоши миёнаи солонаи як омӯзгор дар Ню-Йорк камтар аст.

Бо вуҷуди ин, масъулони ҳавзаи мактабӣ таъкид мекунанд, ки ҷорӣ намудани роботҳои одаммонанд ҷойгузини омӯзгорон нахоҳад шуд. Онҳо танҳо ҳамчун воситаи иловагӣ барои кумак ба ташкили самараноки раванди таълим истифода хоҳанд гардид.

Озмоиши ин технологияи нав дар синфҳои 11 ва 12 оғоз карда мешавад.