Лоиҳа аз ҷониби ҳамватани муқими ИМА Мавлонбек Машрабов
амалӣ гардида, дар шакли барномаи мобилӣ барои истифодабарандагон дар ҳудуди
кишвар дастрас аст. Илова бар пахши барномаҳои мусиқӣ ва фароғатии ӯзбекӣ,
платформа як қатор хидматрасониҳоро пешниҳод мекунад, ки ба рушди муошират дар
дохили диаспора равона шудаанд, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Аз ҷумла, барнома имкониятҳои муошират, ҷойгир намудани
эълонҳо ва мубодилаи иттилооти муҳимро фароҳам меорад. Истифодабарандагон
метавонанд ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳоро нашр намоянд, ҳамчунин
вобаста ба зиндагии ҳаррӯза дар Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико маълумоти амалӣ ба даст оранд.
Ба самтҳои серталаб миёни ҳамватанон, аз ҷумла соҳаҳои ҳамлу
нақли бор, таксӣ ва хизматрасониҳои маишӣ диққати махсус дода шудааст. Ҳамчунин,
бахшҳои омӯзишӣ, аз ҷумла маводҳо барои омӯзиши забони англисӣ ва омодагӣ ба
имтиҳонҳо пешбинӣ шудаанд.
Зикр мегардад, ки оғози фаъолияти радиостансия аз ҷониби
диаспораи ӯзбек дар ИМА бо истиқболи мусбат рӯ ба рӯ шудааст. Платформа тадриҷан
доираи истифодабарандагонро васеъ намуда, ба воситаи қулай барои мубодилаи
иттилоот ва барқарор намудани робитаҳо табдил меёбад.
Дар айни замон фаъолияти лоиҳа асосан дар ҳудуди ИМА
равона шудааст, аммо дар оянда имкони васеъ намудани ҷуғрофияи фарогирӣ баррасӣ
мегардад.
Ин ташаббус, ки аз ҷониби Мавлонбек Машрабов амалӣ
шудааст, аз ҷониби Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Ню-Йорк ҳамаҷониба
дастгирӣ меёбад. Таъкид мешавад, ки ин лоиҳа дар доираи сиёсати таҳкими робита
бо ҳамватанони бурунмарзӣ рушд ёфта, ба вазифаҳои афзалиятноки муттаҳидсозии
диаспора ва густариши каналҳои ҳамкорӣ мувофиқ аст.
Эҷоди чунин платформаҳои рақамӣ ҳамчун самти муҳими
фаъолият барои ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ ва рушди муошират миёни ҳамватанони
бурунмарзӣ арзёбӣ мегардад.