Дар вохӯрӣ масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддат бо ширкати «Yooshin Engineering Corporation» дар самти рушди инфрасохтори муосири фурудгоҳҳо дар Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

Аз ҷумла, ҷанбаҳои истифодаи васеи таҷрибаи чандинсолаи корпоратсия, ки ҳангоми сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон ба даст овардааст, инчунин истифода аз иқтидори мутахассисони баландихтисоси он дар татбиқи лоиҳаи Фурудгоҳи нави байналмилалии «Тошканд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.