Тағйироти дахлдор ба Низомномаи ягона «Дар бораи тартиби иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои
фаъолият тавассути низоми махсуси электронӣ», ки бо қарори
Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон №80 аз 21 феврали соли 2022 тасдиқ шудааст,
ворид гардидааст. Ин тағйирот дар асоси қарори Девони Вазирон №271 аз 21 майи
соли 2026 қабул шудааст.
Тибқи талаботи нав, аз 1 июли соли 2026 тамоми биноҳо ва утоқҳое, ки дар онҳо
хидматрасониҳои ғайридавлатии таълимӣ пешниҳод мешаванд, бояд бо камераҳои
назорати видеоӣ, ки пахши мустақимро таъмин намуда, таҷҳизоти сабти садо
доранд, муҷаҳҳаз бошанд.
Ҳамчунин сабтҳои видеоӣ бояд на камтар аз шаш моҳ нигоҳ дошта
шаванд.
Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон барои
таъмини иҷрои ин талабот аз ҷониби ҳам муассисаҳои амалкунанда ва ҳам муассисаҳои
навтаъсис, инчунин барои фаъолияти мунтазами низомҳои насбшуда чораҳои зарурӣ
меандешад.
Зикр мешавад, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ, расмиёти иҷозатдиҳӣ ва
огоҳонӣ», вайрон кардани талабот ва шартҳои иҷозатнома
метавонад барои бекор намудани иҷозатнома
ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ асос гардад.