Туризм соҳаи муҳимест, ки бо сармоягузории кам ҷойҳои
зиёди корӣ эҷод намуда, даромадҳоро зиёд ва намуди минтақаҳоро беҳтар мекунад.
Тошканд дар ин самт имкониятҳои калон дорад.
Аз ҷумла бо мақсади истифодаи пурраи ин имкониятҳо дар ноҳияи
Мирзо-Улуғбек як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд.
Корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар кӯчаи «Ӯзбекистон овози»
намунаи равшани таваҷҷуҳи махсус ба рушди туризм ва хизматрасонӣ мебошанд.
Ин лоиҳа дар асоси қарори Президент аз 30 апрели соли
2022 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба диверсификатсияи хизматрасониҳои туризми
дохилӣ» амалӣ шудааст.
Объект пас
аз бозсозӣ моҳи сентябри соли 2025 ба истифода дода шуд. Лоиҳа аз ҷониби бюроҳои
русии «City Makers» ва «Люди Архитектс» таҳия гардидааст.
Дарозии умумии кӯча
2,1 километрро ташкил медиҳад. Дар он инфрасохтори муосир бунёд гардида, роҳравҳои
васеи пиёдагард ва велосипедӣ сохта шудаанд.
Дар ин минтақа
майдончаҳои аксбардорӣ, майдонҳои варзишии кушод, биоҳоҷатхонаҳо, минтақаҳои истироҳати оилавӣ,
майдончаҳои экологӣ барои кӯдакон ва боғи ресмонӣ ташкил шудаанд.
Президент зимни
боздид хонаҳои бо услуби замонавӣ таъмиршуда, кӯчаҳои ободу зебо ва шароити фароҳамшударо аз назар
гузаронд.
Арзиши умумии лоиҳа
40 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Дар кӯча
165 нуқтаи савдо фаъолият мекунанд, аз онҳо 89-тоашон ба реҷаи шабонарӯзӣ
гузаштаанд. Илова бар ин, 2221 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин ҷо
ба Президент дар бораи рушди кӯчаҳои туристӣ ва гастрономии Тошканд маълумот
пешниҳод гардид.
Чӣ хеле ки таъкид гардид, дар соли 2025 дар пойтахт 26 кӯча ба реҷаи 24-соата гузаштанд. Барои ин
540 миллиард сӯм ҷудо гардида, 1103
объекти нави савдо ва хизматрасонӣ таъсис ёфт, 315 корхона ба реҷаи шабонарӯзӣ
гузаштанд ва фаъолияти 26 бренди хориҷӣ роҳандозӣ шуд.
Ин тадбирҳо ба
нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъсири мусбат расонданд: шумораи истифодабарандагони
хизматрасонӣ аз 80 ҳазор то 200 ҳазор нафар дар як шабонарӯз афзуда, 6 ҳазор
нафар бо кор таъмин шуданд.
Ҳамчунин оиди нақшаҳои дар соли ҷорӣ ташкил намудани 18 кӯчаи
нави туристӣ, ба кор даровардани 500 объект ва таъсиси то 7 ҳазор ҷойи корӣ маълумот
пешниҳод гардиданд.
Президент ба масъулон супориш дод, ки шумораи чунин кӯчаҳои
гастрономиро дар ноҳияи Мирзо-Улуғбек боз ҳам зиёд намуда, имкониятҳои мавҷударо
пурра истифода баранд, сифати хизматрасониро баланд бардоранд ва лоиҳаҳои нави
сармоягузориро амалӣ созанд.