Роҳбари давлати мо бо ҳамватанон суҳбат карда, аз зиндагӣ, таҳсил ва нақшаҳои ояндаи онҳо пурсон шуд.

– Ман аз он шодам, ки бори дигар шуморо мебинам. Дар ҳар куҷое, ки бошед, ягон дақиқаро беҳуда нагузаронед. Ҳамеша ба илм, дониш ва омӯзиши навгониҳо талош варзед. Ин саҳми шумо дар ояндаи Ватани азизамон – Ӯзбекистони бузург хоҳад буд, – гуфт Президент.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки таваҷҷуҳе, ки ба ҷавонон дода мешавад, ба дурнамои дарозмуддати рушди кишвар вобаста мебошад. Роҳбари давлати мо аз корҳое, ки оид ба эҳёи мероси илмии ниёгони бузург ва арзишҳои таърихӣ амалӣ мешаванд, ёдовар шуда, изҳори итминон кард, ки ҳамватанон дар рушди Ӯзбекистони Нав саҳми худро мегузоранд.

– Ман ҳамеша дар фикри ҳамватанони худ ҳастам. Мо мекӯшем, ки дар Ӯзбекистон тамоми шароитро фароҳам оварем, то шумо зиндагии осуда дошта бошед, ба Ватан баргардед ва дар ободии он саҳми арзанда гузоред. Имкониятҳоро барои фаъолияти илмӣ ва азхудкунии дониш васеъ намуда, шароити манзилро беҳтар мегардонем, – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев ва ба ҳамватанон барору комёбиҳо орзу кард.