Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати фарорасии иди касбӣ табрик гуфта, барои меҳнати онҳо дар роҳи ҳифзи саломатии инсон изҳори сипос намуд.

– Барои хушбахтии оилаи худро дидан, бо меҳнати ҳалол ба орзуҳои хеш расидан ва умри пурмазмун ба сар бурдани ҳар як инсон, пеш аз ҳама, саломатӣ лозим аст. Аз ин рӯ, ҳифзи саломатии инсонро чун яке аз самтҳои муҳимтарини ислоҳоти худ муайян кардаем, – гуфт Президент.

Тӯли даҳ соли охир поликлиника ва беморхонаҳои нав, ки ба 10 миллион нафар аҳолӣ хидмат мерасонанд, ба фаъолият шурӯъ карданд, 58 ҳазор кати табобат муҳайё гардид. Дар натиҷаи афзоиши шумораи муассисаҳои муосир ва рушди бахши хусусӣ ҳаҷми хидматрасониҳои тиббӣ се баробар зиёд шуд. Беш аз сад намуди хидматрасонии тиббӣ, аз ҷумла табобати нуқсонҳои модарзодии дил, пайвандсозии узвҳо, ҷарроҳии роботӣ ва амалиёти мураккаби мағзи сар, ки қаблан танҳо дар хориҷи кишвар анҷом меёфтанд, алҳол дар мамлакат амалӣ мегарданд.

Аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ таъмин намудани 70 фоизи талабот ба маҳсулоти фарматсевтӣ ҳадаф муқаррар гардидааст. Солҳои охир дар ин соҳа 330 иқтидори нави истеҳсолии дорусозӣ бо арзиши умумии як миллиард доллар ба истифода дода шуд. Дар ҳудудҳо минтақаҳои озоди иқтисодии дорусозӣ ташкил гардида, дар онҳо лоиҳаҳо ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар амалӣ мешаванд.

Президент таъкид кард, ки дар ин дигаргуниҳо беш аз 800 ҳазор корманди соҳаи тиб ва дорусозӣ саҳми арзанда доранд. Чанде пеш фармон дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намудани як гурӯҳ кормандони фидокори соҳа ба имзо расид. Дар ҷараёни мулоқот ордену медалҳо ба соҳибони худ тантанавор супорида шуданд.

Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки барои кормандони соҳаи тиб, ки дар ҳифзи саломатии мардум, ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илмӣ ва усулҳои муосири табобат ба дигарон намунаанд, ордени «Ибни Сино» таъсис дода шавад.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати ёрии аввалияи тиббӣ диққати махсус дода шуд.

Дар ин самт, дар доираи низоми нав, ки дар 28 ноҳия ба таври озмоишӣ ҷорӣ гардид, ҳафт миллион нафар аҳолӣ ба шифокорони оилавӣ ба таври инфиродӣ вобаста карда шуданд. Озмоишгоҳҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд, шифокорону парастонрон омӯзонида шуданд, тартиби пешниҳоди ёрии тиббӣ ба беморон муайян гардид. Дар доираи маҷмӯи хидматрасониҳои тиббии кафолатнок ба беморони амбулаторӣ 69 намуди доруворӣ ройгон дода мешавад. Аз соли оянда ин низом боз дар 100 ноҳия ҷорӣ хоҳад шуд.

Корҳои пешгирии бемориҳо ва ташхиси барвақти онҳо низ густариш меёбанд. Ташхиси саривақтии саратони меъда, рӯдаи ғафс, ғадуди простата ва шуш дар Самарқанд оғоз ёфта, аз соли 2028 дар тамоми минтақаҳо ба роҳ монда мешавад. Барномаҳои ташхиси барвақти диабети қанд, сил, бемориҳои дилу рагҳо, омосҳои занона ва бемориҳои онкогематологии кӯдакон идома меёбанд.

Дар натиҷаи татбиқсозии барномаи ташхиси барвақт ва табобати сактаи дил ва сактаи мағзи сар дар панҷ минтақа, фавти бармаҳал аз ин бемориҳо дар давоми панҷ моҳ 15 фоиз кам шуд. Дар «соати тиллоӣ», яъне марҳилаи аввали пайдоиши беморӣ, 855 нафар аз хатари фавти бармаҳал ва асоратҳои маъюбӣ наҷот дода шуданд.

Аз соли оянда тамоми ноҳия ва шаҳрҳо бо барнома фаро гирифта мешаванд. Шумораи намудҳои доруворие, ки баро аҳолӣ ройгон пешниҳод мешаванд, ба 73 ва навъҳои муоинаи тиббӣ ба 36 расонида мешавад.

Дар соҳа «Меъёрҳои тиббиёти Ӯзбекистони Нав» ҷорӣ мегарданд, ки таҳсил, сохтмон, беҳдошт, бехатарии беморон ва фарҳанги хизматии кормандонро фаро мегиранд. Кормандони зинаи аввалияи тиббӣ марҳила ба марҳила бо либоси махсуси корӣ ройгон таъмин мешаванд. Ҳавасмандгардонии беҳтарин шифокорону парасторон густариш ёфта, 14 шифокоре, ки дар марҳилаи вилоятии озмунҳо ғолиб мешаванд, бо мошинҳои барқӣ сарфароз мегарданд. Ба муаллифони даҳ лоиҳаи беҳтарине, ки ба тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд, 200 миллион сӯмӣ грант дода мешавад.

Гуфта шуд, ки сифати хидматрасонии тиббӣ пеш аз ҳама, ба сатҳи омодагии кадрҳо вобаста аст.

– Чӣ қадар клиникаҳои муосир насозем, таҷҳизоти навтарини тиббиро набиёрем, бидуни кормандони соҳибихтисос наметавонем ба натиҷаи дилхоҳ ноил бишавем, – гуфт Президент.

Ҳоло дар 11 муассисаи давлатии таҳсилоти олӣ соле 15 ҳазор шифокор омода мешаванд. Аз соли оянда донишҷӯён ҳафтае се рӯз кор бо беморонро меомӯзанд, хатмкунандагон бошанд, соли охири таҳсилро пурра дар муассисаҳои тиббӣ бо таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд. Ба ҳамшираҳои шафқат ва бародарони тиббӣ, ки зинаи бакалаврро хатм кардаанд, 1,5 миллион сӯм ва ба хатмкунандагони зинаи магистратура 2,5 миллион сӯм иловапулӣ дода мешавад. Аз соли 2027 таҳсил дар резидентура аз рӯйи ихтисосҳои маҳдуди тиббӣ ройгон хоҳад шуд.

Ба раванди такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб бахши хусусӣ низ ҷалб карда мешавад. Хароҷоти таҳсили кормандони зинаи аввалияи тиббӣ ва муассисаҳои тиббии ноҳияҳо аз ҷониби давлат пардохт мегардад. Низоми барӯйхатгирии давлатии кормандони соҳаи тиб ва дорусозӣ аз 1 июли соли оянда дар марҳилаи аввал ба таври ихтиёрӣ ҷорӣ шуда, аз соли 2030 ҳатмӣ хоҳад шуд. Ба шифокорон, фарматсевтон ва парастороне, ки аз рӯйхат мегузаранд, иловапулӣ дода мешавад.

Муассисаҳои нави тиббӣ дар асоси нақшаҳои генералӣ, бо назардошти шумораи аҳолӣ ва ҷойгиршавии минтақаҳо бунёд мешаванд. Дар беморхонаҳои давлатӣ ба соҳибкорон барои насби таҷҳизоти муосир ҷой ҷудо гардида, маблағи хидматрасониҳо тавассути низоми суғурта пардохт мешавад. Хариди хидматрасониҳои гемодиализ, лабораторӣ, тамизкорӣ, офиятбахшӣ ва физиотерапия аз бахши хусусӣ васеъ карда мешавад.

Ҷиҳати соли оянда ҷалб намудани на камтар аз 150 миллион доллар сармоя ва грант ба ҳар як минтақа вазифаҳо муайян гардиданд.

Дар баробари рушди геномика, технологияҳои ҳуҷайравӣ ва биотехнологияҳо, зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон дар таҳқиқоти тиббӣ низ таъкид гардид.

– Дар таҳқиқоте, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон вобастаанд, ҳуқуқ, розигӣ ва шаъну шарафи ӯ бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд, – гуфт Президент.

Бо ин мақсад, заминаҳои ҳуқуқии соҳаҳои биоэтика ва биотехнология тақвият дода мешаванд. Дар ҳамкорӣ бо Мактаби тиббии Ҳарвард мутахассисони бемориҳои ирсӣ омода гардида, ташхиси генетикӣ ҷорӣ мешавад.

Бо мақсади роҳандозии таҷрибаи марказҳои махсус дар минтақаҳо гурӯҳҳои мукаммал иборат аз ҷарроҳон, анестезиологҳо, реаниматолог, ёварони тиббӣ ва парасторон ба маҳалҳо фиристода мешаванд. Гурӯҳҳои тиббии минтақаҳо бошанд, дар марказҳои ихтисосонидашуда аз таҷрибаомӯзии се-чормоҳа мегузаранд.

Аз соли оянда бо роҳбарони 26 маркази ихтисосонидашуда шартномаҳои яксола имзо мешаванд. Фаъолияти онҳо аз рӯйи ҷорӣ намудани навгониҳо дар соҳа, баланд бардоштани малакаи кормандони зинаҳои поёнӣ ва татбиқсозии натиҷаҳои илмӣ дар амал арзёбӣ мегардад. Механизме ҷорӣ мешавад, ки худи аҳолӣ фаъолияти беморхона ва поликлиникаҳоро баҳо медиҳанд. Дар муайян кардани музди меҳнати шифокорон ва парасторон сатҳи қаноатмандии аҳолӣ аз хидматрасониҳои тиббӣ меъёри асосӣ хоҳад буд.

Аз соли оянда дар самтҳое чун кардиология, гепатология, офталмология ва гематология даҳ низоми зеҳни сунъӣ ба кор андохта мешаванд.

Ҳамчунин беҳтар кардани кори ассотсиатсияҳои шифокорон, гузаштан ба низоми интихоби роҳбарони онҳо аз ҷониби аъзоён ба муҳлати ду-се сол муҳим арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот чораҳои дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб эълон карда шуданд. Барои ҷуброни як қисми кредитҳои ипотекаи кормандоне, ки дар соҳа на камтар аз 15 сол фаъолият кардаанд, 50 миллиард сӯм ҷудо гардид. Соли оянда тавассути ин имконият ҳазор корманди соҳаи тиб ба хонаи нав мекӯчанд. Ҳамасола 25 фоизи пардохти ибтидоии кредити ипотекаи 500 корманди ҷавони соҳа ҷуброн карда мешавад.

Иловапулии ҳармоҳаи шифокороне, ки дар минтақаҳои дурдаст фаъолият доранд, то 4,5 миллион сӯм зиёд гардида, ба онҳое, ки дар чунин минтақаҳо ба кор шурӯъ мекунанд, 50 миллион сӯм маблағи ҳавасмандгардонии якдафъаина дода мешавад.

Барои ҷалби шифокорони ҳамватан, ки дар клиникаҳои хориҷӣ таҷриба андӯхтаанд, низ низоми нав роҳандозӣ мешавад. Ба онҳо то 50 миллион сӯм иловапулии ҳармоҳа дода шуда, барои фаъолият шароити мусоид, аз ҷумла ҷойи кори муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва имконияти ташкили гурӯҳи шахсии корӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар мулоқот пешниҳод ва ташаббусҳои намояндагони соҳа шунида шуданд. Ба масъулон супориш шуд, ки барои иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва ҷиҳати баррасии муштараки пешниҳодҳои баёнгардида чораҳои зарурӣ андешанд.

– Ман танҳо як чизро мепурсам: ҳар як корманди соҳаи тиб аз худ бипурсад: ман имрӯз нисбат ба дирӯз барои саломатии мардум чӣ кори бештар кардам? Агар ҳар яки мо дар раванди фаъолият барои дарёфти ҷавоб ба ин савол кӯшиш кунем, ҳам дар соҳаи тиб ва ҳам дар саломатии халқамон тағйироти бузург ба амал меояд, – дар анҷоми мулоқот гуфт Президенти кишвар.