Дар ин бора хабаргузории «Report» бо истинод ба пулиси Непал хабар медиҳад.

«Ҷасади 469 нафар пайдо карда шуд, 1 545 нафар маҷруҳ ва наҷот дода шуданд», — гуфта мешавад дар гузориши охирини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ идома дорад. Дар он 13 ҳазору 295 нафар аз ҳайати неруҳои артиш, неруҳои мусаллаҳи полис ва пулиси Непал ҷалб шудаанд. Наҷотдиҳандагон харобаҳоро тоза карда, одамонро аз зери хок берун меоранд.

Сарвазири Непал Балендра Шаҳ изҳор дошт, ки вазъ ҳамоно мураккаб боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, авлавияти асосии мақомот наҷоти одамон, ҷустуҷӯи шахсони бедаракшуда, расонидани ёрии тиббӣ ба осебдидагон ва дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мебошад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи чоршанбе, 26 август, дар минтақаҳои шимолии Непал обхезии шадид рух дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби он фаромадани тармаи барфу санг дар марзи Непал ва Чин будааст. Ин ҳодиса тақрибан 20 километр шимолу шарқтар аз гузаргоҳи сарҳадии «Расувагадҳӣ» рух додааст.

Ҳанӯз садҳо нафар бедаракшуда ҳисобида мешаванд, ки дар байни онҳо тақрибан 500 шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд.