Тибқи маълумоти «Ӯзгидромет»,
суръати шамол то 13–18 метр дар як
сония афзоиш меёбад ва дар баъзе ноҳияҳо вазиши он метавонад ба
20–22 метр дар як сония
бирасад. Дар
баъзе минтақаҳо эҳтимоли ба амал омадани чангу ғубор вуҷуд дорад.
Ба
шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар давраи гармии шадид аз зери нурҳои мустақими
офтоб, махсусан дар соатҳои нисфирӯзӣ, дурӣ ҷӯянд, бештар об нӯшанд ва қоидаҳои
бехатарии зиддисӯхторро риоя намоянд.