Дар гармтарин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди қаламрави ҷумҳурӣ ба 41–43 дараҷа, дар ноҳияҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва минтақаҳои биёбон бошад, ба 44–46 дараҷа мерасад.

Бино ба иттилои Ӯзгидромет, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ суръати шамол то 13–18 метр дар як сония шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани тӯфонҳои чангу ғубор вуҷуд дорад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар давраи гармии ғайримуқаррарӣ қоидаҳои эҳтиётиро риоя намоянд: зери нурҳои мустақими офтоб муддати тӯлонӣ қарор нагиранд, моеъи кофӣ истеъмол кунанд ва ба вазъи саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳанд.