Бо вуҷуди ин, баъзе шаҳрвандон бо умеди тезонидани раванд ба миёнаравон ё шиносони худ муроҷиат мекунанд. Чунин қарорҳо аксаран бо талафоти калони молиявӣ анҷом меёбанд.

Ба чунин вазъ сокини пойтахт Самар дучор шуд. Ӯ ният дошт ба соҳибкорӣ машғул шуда, барои сохтмони мағоза қитъаи замин харидорӣ намояд. Аз ин ният огоҳ шуда, шиносаш бо номи Ғолибҷон ваъда дод, ки ба ӯ барои харидани замин тавассути музоядаи электронӣ кӯмак мерасонад.

Бо баҳонаи омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ӯ аз Самар 89 ҳазор доллари ИМА гирифтааст. Пас аз он муддати дароз иҷрои ваъдаашро ба таъхир гузошта, баъдан тамоман аз тамос худдорӣ намуда, ғайб задааст.

Пас аз он ки ҷабрдида натавонист мустақилона шиносашро пайдо кунад, ба Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Мирзо Улуғбек муроҷиат намуд.

Аз рӯи ин ҳолат аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Мирзо Улуғбек нисбат ба шаҳрванд Ҳ. Ғолибҷон, соли таваллудаш 1985, бо моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон («Қаллобӣ») парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шаҳрвандон бори дигар хотиррасон мекунанд, ки ҳамаи масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, иштирок дар музоядаҳои электронӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ бояд танҳо тавассути сохторҳои расмии давлатӣ ва дар доираи қонун ҳал карда шаванд.

Муроҷиат ба миёнаравон ё «ёрдамчиён»-и ғайрирасмӣ метавонад на танҳо боиси аз даст рафтани маблағ, балки сабаби сар задани баҳсҳои тӯлонии судӣ низ гардад. Ростқавлӣ, риояи қонун ва муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор роҳи боэътимодтарини амалӣ намудани ҳар гуна ташаббуси соҳибкорӣ мебошад.