Тибқи маълумоти Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ӯ маблағро бо ваъдаи ҳал кардани масъалаи расмикунонии раводид тавассути шиносҳояш гирифтааст. Зан ҳангоми гирифтани маблағи мазкур бо далелҳои шайъӣ дастгир шудааст.

Зимни чорабиниҳои фаврӣ муайян гардид, ки ӯ ният доштааст 4 200 долларро барои худ нигоҳ дошта, 27 ҳазор доллари боқимондаро ба сокини дигари пойтахт, соли таваллудаш 1960, супорад.

Дар идомаи амалиёти фаврӣ кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ зани дуюмро низ ҳангоми гирифтани 27 ҳазор доллари ИМА дастгир карданд.

Аз рӯйи ин ҳолат нисбат ба ҳар ду зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад.