Дар фазои ҳавоии Сербия ҳавопаймои раҳбари Ӯзбекистонро ҳавопаймоҳои
неруҳои ҳарбии ҳавоии кишвари мизбон ҳамроҳӣ карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Никола Тесла
меҳмонони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва ҳамсараш истиқбол
гирифтанд.
Парчамҳои
давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.
Чорабиниҳои
асосии сафар аз пагоҳ оғоз мешаванд. Тибқи барномаи будубош, баргузории
музокироти сатҳи олии Ӯзбекистону Сербия, инчунин форуми соҳибкорӣ бо иштироки
намояндагони доираҳои расмӣ ва тиҷоратии ду кишвар дар назар аст.
Дар натиҷаи ин
чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки бастаи муҳими санадҳои дуҷониба қабул
карда шавад.