Ҳоло ӯ бо ширкати амрикоии Vast
ҳамкорӣ мекунад, ки лоиҳаҳои таъсиси истгоҳҳои мадории насли навро амалӣ
месозад. Лоиҳаи «Haven-1» яке аз аввалин истгоҳҳои тиҷоратии кайҳонӣ дар ҷаҳон
ба ҳисоб меравад.
Дар доираи сафар астронавт бо намояндагони воситаҳои
ахбори оммаи Ӯзбекистон бо иштироки агентии Uzcosmos
мулоқот анҷом дод.
Ӯ таъкид кард, ки омили асосии рушди соҳаи кайҳоннавардӣ
дар Ӯзбекистон сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ — омода кардани муҳандисон,
барномасозон ва рушди тафаккури илмӣ мебошад.
Фойстел инчунин аҳамияти ҷалби ҷавононро ба самтҳои STEM
(илм, технология, муҳандисӣ ва математика) махсус зикр намуда, мероси илмии Ӯзбекистон,
аз ҷумла саҳми Мирзо Улуғбек-ро ҳамчун
пояи рушди ояндаи кайҳоннавардӣ арзёбӣ кард.