Бо ҷамъоварии маълумоти нав, олимон вақти наздиктарин гузашти ин ҷирми осмониро аз назди Замин ҳарчи дақиқтар муайян мекунанд.

Тибқи ҳисобҳои нави астрономҳо, 13 апрели соли 2029 тақрибан 90 дарсади аҳолии Замин (наздики 7,6 миллиард нафар) метавонанд Апофисро бе истифода аз асбобҳои оптикӣ бо чашми оддӣ мушоҳида намоянд. Дар осмони шабона он ҳамчун нуқтаи дурахшон намоён мешавад ва масофаи баробар ба қутри пурраи Моҳро тақрибан дар 60 сония тай хоҳад кард.

Бо вуҷуди ин, имкони дидани астероид аз шароити обу ҳаво ва муҳити зист, аз ҷумла зичии абрҳо ва сатҳи ифлосшавии рӯшноӣ вобаста хоҳад буд.

Соли 2029 Апофис аз Замин дар масофаи ҳамагӣ 32 ҳазор километр мегузарад, ки ин аз масофаи мо то моҳвораҳои геостатсионарӣ ҳам камтар аст, хабар медиҳад mir24.tv.

Қутри ин ҷирми осмонӣ тақрибан 375 метр буда, ин ба баландии як бинои 40-ошёна баробар аст, менависад Space.com.