Сарони давлатҳо инчунин намояндагони ширкатҳои пешсафи олмониро, ки дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои муштаракро амалӣ мекунанд ё нияти татбиқи онҳоро доранд, истиқбол намуданд.
Ҳамчунин маросими табодули санадҳои дуҷониба баргузор гардид. Созишномаҳо дар соҳаи ҳамкориҳои молиявӣ ба имзо расиданд, ки ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнокро барои татбиқи лоиҳаҳои рушди устувори шаҳрӣ дар Ӯзбекистон пешбинӣ менамоянд.
Дар ҳузури роҳбарони ду кишвар ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таълимии муштарак расман оғоз бахшида шуд.
Ташкили васлкунии калонгиреҳи автомобилҳои Volkswagen дар шаҳри Тошканд, сохтмони маркази логистикӣ дар вилояти Андиҷон, истеҳсоли воситаҳои моеъи шустушӯии маишӣ, омода намудани мутахассисон барои соҳаи роҳи оҳан, таъсиси марказҳои муосири имтиҳонсупорӣ аз ҷумлаи онҳост.
Татбиқи ин ташаббусҳо ба густариши ҳамкориҳои саноатӣ, рушди зерсохторҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими минбаъдаи шарикии Ӯзбекистону Олмон мусоидат хоҳад кард.