Корҳое, ки барои ҳарчи бештар истифода бурдани иқтидори сайёҳии водии Фарғона анҷом дода мешаванд, натиҷаҳои худро медиҳанд. Далели равшани ин он аст, ки дар солҳои охир шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки ба минтақа меоянд, чандин маротиба афзоиш ёфтааст.

Шаҳри қадимаи Марғилон дар ин самт имкониятҳои калон дорад. Бар асоси қарори сарвари давлат аз 1 апрели соли 2025, дар ин ҷо маҷмааи «Бурҳониддин Марғинонӣ» таъсис дода шуд. Он бо усули «шаҳр дар дохили шаҳр» бунёд гардида, анъанаҳои меъмории миллӣ, таърихи Марғилон ва инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи муосири сайёҳиро ба таври ҳамоҳанг муттаҳид месозад.

Дар маҷмаа, ки масоҳаташ 35 гектарро ташкил медиҳад, барои сайёҳон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо сохтмони меҳмонхона, корвонсарой, биноҳои савдо ва хизматрасонӣ, маркази ҳунармандон, бозори миллӣ ва осорхона ба анҷом расидааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти маҷмаа омӯзиш ва тарғиби мероси бойи илмии донишманди бузург Бурҳониддин Марғинонӣ мебошад. Ҳамзамон, тадбирҳо барои ҳифзи анъанаҳои қадимаи ҳунармандӣ ва рушди сайёҳии зиёратӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар маҷмаа ҳамчунин осорхонаи «Хонаи Отабек ва Кумуш» ташкил шудааст. Дар деворҳои он саҳнаҳо аз романи Рӯзгори мозӣ инъикос меёбанд, ки фазои нодиреро эҷод мекунанд, ки дар он адабиёт ва таърих ба таври зебо ба ҳам мепайванданд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо театри мақом, гулгашти шоирону рассомон ва китобхона ҷойгир шудаанд.

Нақшаи генералии лоиҳа, ки арзишаш 1,7 триллион сӯмро ташкил медиҳад, аз ҷониби ширкати туркии Studio Vertebra таҳия шудааст. Маҷмаа дар ду марҳила сохта мешавад. Дар оянда дар ин ҷо маркази тиҷоратӣ, масҷид барои 1,5 ҳазор нафар, меҳмонхонаҳо, 400 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин бозори шарқӣ бо 300 ҷой ташкил мегардад.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо маҷмаа, сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, аз устохонаҳои ҳунармандон, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва амалӣ, қаторҳои савдои бозор боздид намуда, бо намояндагони ҷомеа суҳбати самимӣ анҷом дод.

Интизор меравад, ки пас аз пурра ба истифода додани маҷмаа, он ҳар сол ба ҳисоби миёна 200–250 ҳазор сайёҳи хориҷиро ҷалб намояд. Дар натиҷа, ба нақша гирифта шудааст, ки 2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфта, ба буҷет 52 миллиард сӯм ворид гардад ва содироти хизматрасонӣ ба 30 миллион доллар расад.

Ҳамчунин, таҷрибаи маҷмааи «Бурҳониддин Марғинонӣ» дар лоиҳаҳои «Бухорои абадӣ» дар шаҳри Бухоро, рушди инфрасохтори мақбараи Имоми Мотуридӣ дар шаҳри Самарқанд, Урда дар Қӯқанд, ёдгории меъмории Ахсикент дар Намангон ва қисми кӯҳнаи шаҳри Тошканд татбиқ карда мешавад.