Дар тӯли даҳсолаҳои гузашта Ҳамоиш худро ҳамчун майдони муҳими муколама, ки сиёсатмадорони пешбар, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони ҷомеаи коршиносонро муттаҳид мекунад, муаррифӣ намуд.

Дар шаҳри Истанбул баргузор гардидани ин ҳамоиш маънои хоси рамзӣ дорад. Ин шаҳри нотакрор дар тӯли асрҳо ҳамчун пул миёни Аврупо ва Осиё хидмат карда, дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷоративу иқтисодии байниминтақавӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мехоҳам бо қаноатмандии хос таъкид намоям, ки имрӯз дар Туркияи муосир ғояи стратегии «Асри Туркия»-и Президент Реҷеп Таййип Эрдоған бомуваффақият амалӣ мегардад.

Туркия дар ҳалли самабахши мушкилоти мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ тамоми саъю кӯшиши худро сафарбар намуда, таъсири он ҳамчун иштирокдори боэътимод ва бонуфузи муносибатҳои байналмилалӣ торафт меафзояд.

Маҳз ба шарофати талошҳои қатъии Президент Эрдуғон имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия ба сатҳи шарикии стратегии бисёрҷониба бардошта шуданд.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории байни давлатҳои мо ба ҳадафҳои асосии Ҳамоиши иқтисодии Авруосиё – тамоюлҳои шарикии васеъ ва рушди устувор дар пояи баробарҳуқуқӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила комилан мувофиқат мекунанд.

Муҳтарам, иштирокдорони ҳамоиш!

Масъалаи масъулияти ҷаҳонӣ дар шароити норасоии об ва захираҳои «сабз», ки ҳамчун яке аз мавзуъҳои асосии Ҳамоиши навбатӣ интихоб шудааст, имрӯз аҳамияти махсус касб намудааст. Ҷаҳон торафт бо хатарҳои мураккаби иқлимӣ, аз ҷумла биёбоншавӣ, эрозияи хок, норасоии об ва бад шудани вазъи экологӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Бахусус, дар Осиёи Марказӣ ин равандҳо шадидтар ба назар мерасанд: суръати баландшавии ҳарорат аз нишондиҳандаҳои меъёри миёнаи ҷаҳонӣ болотар буда, пиряхҳо нобуд мешаванд ва таназулли хок шиддат мегирад.

Дар чунин шароит таъмини устувории экологӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди Ӯзбекистони Нав табдил ёфтааст.

Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» ҳамасола 200 миллион бех ниҳол шинонда мешавад, дар қаъри хушкидаи баҳри Арал бошад, майдонҳои бузурги муҳофизатии сабз бунёд мегарданд.

Мо пайваста ба модели «сабз»-и рушд мегузарем ва дар ин раванд пеши худ мақсад гузоштаем, ки ҳаҷми партовҳои зарароварро 35 фоиз ва то соли 2035 то 50 фоиз коҳиш диҳем.

Ҳамзамон, ҷиҳати идоракунии самарабахши захираҳои об, аз ҷумла, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об чорабиниҳо амалӣ мегаранд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамасола миқдори зиёди захираҳои об сарфа карда шавад.

Ӯзбекистон минбаъд низ барои пешбурди фаъолонаи рӯзномаи «сабз» ва дарёфти роҳҳои ҳалли самарабахши хатарҳои глобалии экологӣ фаъол саҳмгузорӣ намуданро идома медиҳад.

Ба ин муносибат, Шуморо барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии мамлакатамон, аз ҷумла дар Ассамблеяи Хазинаи глобалии экологӣ ва Форуми ҷаҳонӣ оид ба сарфаи об, ки дар Самарқанд баргузор мешаванд, даъват менамоям.

Боварӣ дорам, ки талошҳои муштараки мо дар рӯзномаи ҳамкориҳои байналмилалии иқлимӣ, аз ҷумла дар раванди омодагӣ ба конфронси ояндаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим саҳми амалӣ мегузоранд.

Иштирокдорони гиромии чорабинӣ!

Ӯзбекистон ҳамеша барои ҳамкориҳои густурда боз аст ва дар оянда низ барои кумакрасонӣ ҷиҳати таъмини рушди устувор омода мебошад.

Мо танҳо дар ҳоли ба ҳам овардани тамоми саъю кӯшишҳои худ, метавонем ояндаи шукуфонро барои наслҳои имрӯзу оянда таъмин намоем.

Ба фаъолияти иштирокдорони Ҳамоиш омад ва натиҷаҳои бузурги амалӣ орзумандам.

Барои эътибор ташаккур.

 

Шавкат МИРЗИЁЕВ,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон