Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфуз дар самти навсозӣ ва таҳкими низоми миллии тандурустӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки солҳои охир ҳамкорӣ бо СҶТ ба сатҳи сифатан нав баромадааст. Ислоҳоти густурда ва бонизом дар соҳаи тандурустӣ бо назардошти кӯмаки машваратии коршиносони ин созмон ва стандарту тавсияҳои байналмилалии он амалӣ мегарданд.
Дар доираи ҳамкорӣ як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ки ба рушди низоми тандурустӣ нигаронида шудаанд, таҳия гардиданд. Мутахассисони ботаҷрибаи тиббӣ омода мегарданд, низомҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, ташхис ва пешгирии бемориҳо такмил меёбад, механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ роҳандозӣ мешаванд.
Директори генералии СҶТ ислоҳоти дар мамлакат татбиқшавандаро баланд арзёбӣ намуда, натиҷаҳоро, ки дар самтҳои васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, дароз кардани давомнокии умр, кам намудани фавти модарон ва рушди тибби рақамӣ ба даст омадаанд, алоҳида эътироф кард.
Дар анҷоми мулоқот оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла такмил додани низоми танзими соҳаи дорусозӣ, ҷорӣ намудани ҳалли рақамӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин гузаронидани чорабинӣ ва тадқиқоти муштарак, ба тавофуқ расиданд.