Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро
ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатии комил, хушбахтии
оилавӣ, некӯаҳволӣ, инчунин ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу субот ва
шукуфоӣ орзу намуд.
Дар навбати худ, Раиси Халқ Маслаҳатӣ салому паёми гарми
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро
ба роҳбари Ӯзбекистон расонд.
Ҷонибҳо
сатҳи кунунии шарикии стратегии ду кишварро баланд арзёбӣ карданд. Таъкид
гардид, ки ҳамкориҳои наздик ва судманд дар тамоми сатҳҳо идома доранд. Ҳаҷми
гардиши молу маҳсулот пайваста афзоиш ёфта, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои
саноат, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои афзалиятнок бомуваффақият амалӣ
мешаванд. Минтақаи савдои «Шовот – Дашоғуз» низ самаранок
фаъолият мекунад.
Ҳамзамон,
ҳамкориҳои байни минтақаҳо, робитаҳои соҳибкорӣ ва мубодилаҳои фарҳангиву
башардӯстона густариш меёбанд.
Ҷонибҳо
ба натиҷаҳои ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон, ки чанде
пеш дар шаҳри Ашқобод баргузор гардиданд, баҳои баланд доданд.
Дар
ҷараёни суҳбат ба ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди рӯзномаи минтақавӣ дар доираи омодагӣ
ба Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои
Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар
Туркманистон баргузор мешавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.