Шуморо дар форуми мубориза бо таҳдидҳои фаромиллии
маводи мухаддир барои таъмини саломатӣ ва амнияти ҷамъиятӣ хайрамақдам мегӯям.
Ба шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Самарқанд
хуш омадед!
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба
муовини директори иҷроияи Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир
ва ҷинояткорӣ – ҷаноби Бо Матиасен, ба директори генералии Созмони ҷаҳонии
тандурустӣ – ҷаноби Тедрос Адханом Гебрейесус, ба котиби генералии Кумитаи
байналмилалии назорати маводи мухаддир – ҷаноби Стефано Бертераме, инчунин ба
роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аъзои ҳукуматҳои хориҷӣ,
сафирони кишварҳои гуногун ва ҳамаи меҳмонон миннатдории худро баён намоям.
Иштирокдорони
гиромӣ!
Дар шароити пуртаҳдиди имрӯза, зарурати
ҳамкории боз ҳам қатъии ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад.
Бо гузашти замон пайдо шудани шаклҳои нави
ҷинояткории муташаккилона, истеҳсол ва паҳншавии маводи мухаддир – доираи
таҳдидҳои фаромиллиро васеътар месозад.
Ин равандҳо на танҳо ба амнияти давлатҳо,
балки ба арзишмандтарин чиз – ҳаёт ва саломатии инсон, инчунин ба ояндаи мардум
таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯз хусусияти фаромарзӣ ва виртуалӣ пайдо
намудани гардиши маводи мухаддир, хавфу хатарҳоро боз ҳам зиёд мекунад.
Бахусус, истифодаи каналҳои рамзгузоришудаи
иртибот, алоқаи бидуни тамос ва абзорҳои мураккаби молиявӣ аз ҷониби гурӯҳҳои
ҷиноятӣ аз мо талаб мекунад, ки дар мубориза бар зидди маводи мухаддир роҳ ва
усулҳои муосирро ҷорӣ намоем.
Ҳамчунин, паҳншавии васеи маводи мухаддири
синтетикӣ, моддаҳои психотропӣ ва доруҳои таъсири қавӣ миёни аҳолӣ, бахусус
ҷавонон, боиси нигаронии ҷиддии ҳамагон гардидааст.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид,
дар ҷаҳон зиёда аз 300 миллион нафар зери таъсири маводи мухаддир қарор доранд.
Ҳар сол тақрибан 600 ҳазор нафар қурбонии
ин иллат мегарданд.
Дар шароити ҷаҳонишавии кунунӣ чунин
хатарҳо, дар радифи дигар кишварҳо, Ӯзбекистонро низ канор намегузоранд.
Аз ин рӯ, дар Ӯзбекистон мубориза бо
нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро ба як ҳаракати умумимиллӣ
табдил дода, тамоми қувва ва воситаҳоро сафарбар менамоем.
Тӯли солҳои охир барои таҳкими ҳамкории
байниидоравӣ ва рушди механизмҳои пешгирӣ беш аз 20 санади қонунгузорӣ қабул
гардид.
Бахусус, қабули Стратегияи миллӣ оид ба
мубориза бо маводи мухаддир дар соли 2024 қадами хеле муҳим дар ин самт шуд.
Дар натиҷаи ин саъю кӯшишҳо, дар солҳои
охир нишондиҳандаи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи
мухаддир 2,5 баробар афзуда, ҳаҷми мусодираи чунин моддаҳо 2 баробар ва
нобудсозии маводи мухаддири синтетикӣ 7 баробар зиёд шудааст.
Танҳо соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи
ҳуқуқ зиёда аз 15 ҳазор ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор гардида, қариб
3,5 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 120 килограмм моддаҳои синтетикӣ нобуд
карда шуданд, ҳамчунин, фаъолияти 14 лабораторияи махфии истеҳсоли маводи
мухаддир ва 72 мағозаи бузурги интернетӣ қатъ карда шуд.
Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки ҳоло сеяки
чунин ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон содир мешаванд ва гурӯҳи асосии хавфро шахсони
аз 15 то 30-сола ташкил медиҳанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ин офат то чӣ
андоза ба генофонди аҳолӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Миёни мардуми мо сухани ҳикматомезе ҳаст,
ки «Агар як фарзанд аз роҳ барояд, ҷомеа аз роҳ мебарояд» мегӯянд.
Ба ин маъно, ба доми нашъамандӣ гирифтор
шудани як фарзанд, на танҳо барои оила ва наздиконаш, балки барои тамоми
маҳалла фоҷиа аст.
Бинобар ин, дар Ӯзбекистон на танҳо бо
паёмадҳои ин падида мубориза бурда мешавад, балки барои пешгирии гирифторшавии
ҷавонон ба нашъамандӣ як маъракаи васеи тарғиботӣ оғоз гардидааст.
Дар ин раванд, пирони кордида, падару
модарони таҷрибадор, фаъолони обрӯманди маҳалла, намояндагони ҷомеа саҳми фаъол
доранд ва ин аллакай натиҷа медиҳад.
Мо инро пайгирона идома дода, барои минбаъд
пурзӯр намудани нақши оила, маҳалла, мактаб, техникум ва муассисаҳои таҳсилоти
олӣ барномаҳои махсус амалӣ карда мешаванд.
Нияти асосии мо ҳифзи ҷавонон аз чунин
хатарҳо ва равона кардани онҳо ба роҳи илму дониш ва ҳадафҳои нек мебошад.
Ҳаракати ихтиёрии «Анти-Нарко», ки чанде
пеш таъсис ёфт, дар муддати кӯтоҳ беш аз 17 ҳазор ҷавонро муттаҳид намуд.
Ҳамчунин, барои пешгирии паҳншавии маводи
мухаддир бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар тамоми минтақаҳо лоиҳаи миллии «AI
Hackathon» оғоз намудем.
Бешубҳа, ин корҳо барои ташаккули
муқовимати устувор дар ҷавонон нисбат ба истеъмоли маводи мухаддир ва эҷоди
муҳити оштинопазир нисбат ба ҷиноятҳои вобаста ба он мусоидат хоҳанд кард.
Соли гузашта кишвари мо дар қатори аввалинҳо
миёни давлатҳои Осиё ба ташаббуси «CHAMPS»-и Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид
ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҳамроҳ гардид.
Ин барнома дар тарғиби тарзи ҳаёти солим
миёни ноболиғон ва муборизаи босамар бар зидди маводи мухаддир саҳми назаррас
дорад.
Муҳтарам
иштирокдорони нишаст!
Мубориза бо нашъамандӣ на танҳо масъулияти
як давлат, балки масъулият ва маҷбурияти умумии тамоми башарият мебошад.
Ӯзбекистон дар самти мубориза бо маводи
мухаддир бо зиёда аз 50 кишвар ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкории мустаҳкам
дорад.
Мо ин робитаҳоро ҳамчун пули муҳиме барои
таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи эътимоди байни
халқҳо арзёбӣ мекунем.
Мехоҳам дуборак таъкид намоям, ки имрӯз
тиҷорати маводи мухаддир бо технологияҳои муосир, ҷараёнҳои молиявии
ғайриқонунӣ ва шабакаҳои ҷинояткории муттаҳиди фаромиллӣ сахт пайваст шудааст.
Барои муқобила бо ин таҳдидҳо ва пешгирии
ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир
ташаббусҳои зеринро пешбарӣ менамоем.
Якум, дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллии маводи мухаддир мубодилаи
фаврии иттилоот аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Аз ин рӯ, таъсиси платформаи ягонаи рақамиро
пешниҳод менамоем, ки пойгоҳҳои иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои
иштирокчиро муттаҳид намуда, бо истифода аз зеҳни сунъӣ фаъолият намояд.
Ин платформа бояд барои ошкорсозии саривақтии
роҳҳои интиқоли маводи мухаддир, муайян намудани ҳаракати борҳои хатарнок ва
назорати фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ дар вақти воқеӣ хизмат намояд.
Дуюм, тиҷорати маводи мухаддир на танҳо гардиши ин моддаҳо,
балки иқтисодиёти пинҳонии миллиардҳо долларӣ буда, манбаи маблағгузории
ҷинояткории муташаккил ва терроризм низ ба ҳисоб меравад.
Қисми асосии шустани маблағҳои ҷиноятӣ
имрӯз маҳз тавассути дороиҳои рақамӣ ва минтақаҳои офшорӣ амалӣ мегардад.
Бизнеси маводи мухаддирро на бо силоҳ,
балки тавассути бепул гузоштан метавон шикаст дод.
Агар мо “артерияҳои молиявӣ”-и онро бандем, ин иллат худ аз худ аз байн
меравад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки стандартҳои ҳатмии
шиносоии шахсият барои биржаҳои крипто дар сатҳи ҷаҳонӣ яксон гардонда шаванд,
созишномаҳои ҳатмӣ оид ба мубодилаи маълумот бо юрисдиксияҳои офшорӣ роҳандозӣ
шаванд ва механизмҳои худкори масдудсозии маблағҳои “манбаи номаълум” ҷорӣ гардад.
Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки низоми “коди
сиёҳи рақамии байналмилалӣ” ҷорӣ карда шавад, ки ҳаракати маблағҳои
ғайриқонуниро дар саросари ҷаҳон ба таври худкор ошкор намуда, бонк ё муассисаи
молиявии қабулкунандаи онро фавран ба гурӯҳи хавф ворид созад.
Сеюм, тавре мебинем, рӯз то рӯз намудҳои нави маводи мухаддири
синтетикӣ пайдо мешаванд.
Аз ин рӯ, таъсиси майдони доимии муколама
ва , якҷоя таҳия намудани методика ва стандартҳои муосири табобати самараноки
беморони гирифтори ин навъи нашъамандиро пешниҳод мекунем.
Чорум, бо мақсади табодули таҷриба дар самти реабилитатсияи
тиббии гирифторони нашъамандӣ, Ассотсиатсияи наркологҳои Осиёи Марказиро таъсис
диҳем, фикр мекунам, ки шумо инро дастгирӣ мекунед.
Мо барои дар шаҳри Самарқанд ҷойгир кардани
дафтари марказии ин созмон омода ҳастем.
Панҷум, имрӯз дар баъзе минтақаҳо парвариш ва паҳншавии маводи
мухаддир ба сабаби маҳдуд будани имкониятҳои иқтисодӣ, камбуди ҷойҳои корӣ ва
нобаробарии иҷтимоӣ идома дорад.
Аз ин рӯ, барои минтақаҳое, ки хатари
баланди гардиши маводи мухаддир доранд, таҳияи “Барномаи махсуси рушд”-ро пешниҳод
мекунем.
Дар доираи ин барнома, тавассути ҷалби
фаъолонаи сармоягузорӣ ба иқтисоди расмӣ дар минтақаҳои моил ба парвариши
маводи мухаддир, фароҳам овардани манбаъҳои устувори даромад барои аҳолӣ,
беҳтарсозии инфрасохтор, рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва дар маҷмӯъ коҳиш
додани вобастагии аҳолӣ аз иқтисоди ҷиноятӣ чораҳои мукаммал андешида шаванд.
Чунин барнома бояд на танҳо ҳамчун грант ё
кумак, балки ҳамчун масъулияти умумии ҷомеаи байналмилалӣ арзёбӣ гардад.
Муҳтарам дӯстон!
Дар чорабинии имрӯзаи мо тақрибан 500 нафар
иштирокчиён аз кишварҳои шарик ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат
доранд.
Пешниҳод ва ташаббусҳое, ки дар ин анҷуман
ба миён гузошта мешаванд, дар роҳи муттаҳид сохтани талошҳо бар зидди мушкили
маводи мухаддир, ки ба инсоният ва генофонди миллатҳо таҳдид мекунад, қадами
наве хоҳанд буд.
Мавқеи Ӯзбекистон дар ин самт қатъист: мо
дар мубориза бо ин таҳдидҳо ҳеҷ гоҳ дудила намешавем, ақибнишинӣ намекунем ва қафо
барнамегардем!
Мо ҳамаи шарикони худро дар муқобили ин
таҳдиди глобалӣ ба ҳаракати амалӣ даъват менамоем!
Боварии комил дорам, ки Эъломияи Самарқанд,
ки дар доираи форум қабул мешавад, ба таҳкими амният, саломатӣ ва фаровонии
халқҳои мо хидмат карда, ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин самти муҳим боз ҳам пурзӯр
менамояд.
Ба ҳамаи шумо сиҳатии бардавом, дар
фаъолияти масъулиятнок дастовард ва комёбиҳои нав ва дар кори форум муваффақият
орзумандам.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон