Соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва геология дар иқтисодиёти
мамлакат мавқеи муҳим дорад. Соли 2025 дар маҷмӯъ 20 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти
саноатӣ ба ҳиссаи корхонаҳои ин соҳа рост омадааст. Даромади онҳо ба буҷет
118,5 триллион сӯмро ташкил намудааст.
Аз ин рӯ, трансформатсияи технологии соҳа, истифодаи
босамари захираҳои истеҳсолӣ ва меҳнатӣ, татбиқсозии васеи чораҳои ҳалли
муосири рақамӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ, ҷалби бештари сармоя ва истифодаи
оқилонаи захираҳои табиӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар ҷаҳон консепсияҳои «рушди устувор» ва «геологияи рақамӣ»
босуръат рушд мекунанд. Дар мамлакат низ дар ин самт корҳои муайян амалӣ
гардидаанд. Бахусус, соли 2025 дар корхонаҳои бузурги саноати кӯҳкорӣ 7,3
триллион сӯм хароҷоти амалиётӣ сарфа гардида, арзиши аслии маҳсулот 9,1 фоиз
камтар шудааст.
Инчунин, низоми иттилоотии «Геомониторинг» ҷорӣ гардида,
маълумоти беш аз 2 ҳазор қитъаи конҳо рақамӣ гардонида шудааст.
Гуфта шуд, ки аз рӯйи дар панҷ соли оянда зиёд намудани
захираи тилло ба андозаи иловагии 879 тонна, нуқра – 510 тонна ва мис – 676 ҳазор
тонна корҳо оғоз шудаанд.
Технологияҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлили фаврии маълумоти
геологӣ, пешгӯии сарватҳои зеризаминӣ, дақиқ ҳисоб кардани захираҳо ва
афзунсозии самарадории корҳои пармакунӣ имконият фароҳам оварданд. Бо ин мақсад
татбиқсозии зеҳни сунъӣ дар тамоми марҳилаҳои корҳои геологиву ҷустуҷӯӣ ба нақша
гирифта шудааст.
Президент зарурати ба марҳилаи нав баровардани
трансформатсияи технологӣ дар соҳа, ташаккули низоми идора ва таҳлили равандҳои
истеҳсолӣ тавассути зеҳни сунъиро таъкид кард.
Дар соҳаи кӯҳкорӣ ва геология маълумоти бениҳоят бузургҳаҷм,
чун харитаҳо, натиҷаҳои ҷустуҷӯ, маълумоти пармакунӣ, таҳлилҳои лабораторӣ ва
нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ташаккул меёбанд. Ҷамъоварии онҳо дар пойгоҳи ягонаи
электронӣ, ҷустуҷӯи фаврӣ ва таҳлил тавассути моделҳои 3D имконияти кашфи конҳои
навро бештар менамояд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ин ҳама 10 фоиз кам кардани
арзиши аслии маҳсулот, 2 баробар кӯтоҳ намудани муҳлати кашфи конҳои нав ва 4
баробар зиёд кардани шумораи пешниҳодҳо, ки ба сармоягузорон тақдим мегарданд,
имконпазир хоҳад шуд.
Дар муаррифӣ таъкид гардид, ки то соли 2030 ҷалби беш аз
30 миллиард доллар сармоя ба соҳаи геология ва саноати кӯҳкорӣ чун ҳадаф муайян
карда шудааст. Барои ин, пеш аз ҳама, ташаккули пойгоҳи маълумоти рақамии
босифат ва боэътимод, ки сармоягузорон талаб мекунанд, зарур мебошад.
Дар
робита ба ин, таъсис додани Пойгоҳи миллии маълумоти геологӣ пешниҳод гардид.
Дар ин раванд «Маркази трансформатсияи технологӣ» таъсис ёфта, беш аз 36 ҳазор ҳисобот
ва маълумоти ибтидоии мавҷуда ба шакли рақамӣ гузаронида мешаванд. Дар натиҷа,
раванди ташаккули маълумоти геологӣ, моделсозии конҳо ва ҳисоб кардани захираҳо
2 баробар суръат мегирад.
Дар
тақдимот дар бораи нақшаҳои татбиқсозии ҷамъ 44 лоиҳа бинобар ҷорӣ намудани зеҳни
сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаи геология ва 6 корхонаи бузург – “Навоий
кон-металлургия комбинати”, “Олмалиқ кон-металлургия комбинати”, “Навоийуран”,
“Ӯзметкомбинат”, “Ӯзбеккӯмир” ва “Ӯзбекистон технологик металлар комбинати”, тӯли
солҳои 2026–2030 маълумот дода шуд.
Ин
лоиҳаҳо панҷ самти асосиро фаро мегиранд: автоматонии равандҳои истеҳсолӣ, рақамисозии
идоракунии корпоративӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ, таъмини
амнияти меҳнат ва саноат, инчунин трансформатсияи рақамии корҳои кӯҳкорӣ ва
геологӣ.
Дар
натиҷаи татбиқсозии лоиҳаҳо самарадории амалиётӣ 7 фоиз, эътимоднокии техника
ва таҷҳизот 20 фоиз ва самарабахшии энергия 8 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин,
хатову хатарҳое, ки ба омили инсонӣ вобастаанд, метавонанд 15 фоиз кам шаванд.
Зарурати
дар оянда патент кардани ин роҳҳои ҳал низ таъкид гардид.
Ба
масъулон супориш шуд, ки ҳангоми таҳияи нақшаҳои тиҷоратии корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ
чораҳои баланд бардоштани самаранокии захираҳои истеҳсолӣ ва меҳнатиро дохил
карда, оид ба лоиҳаҳои технологӣ ва зеҳни сунъӣ барномаҳои алоҳидаро тасдиқ
намоянд.