Барномаи сафар дар шаҳри Тбилиси баргузории мулоқоту музокирот бо Президенти Гурҷистон
Михаил Кавелашвили ва
Сарвазир Ираклий Кобахидзеро
пешбинӣ менамояд.
Дар рӯзномаи музокирот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи
муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Гурҷистон ҷой доранд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои
байнипарлумонӣ ва байни минтақаҳо, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва
фаъолсозии мубодилаҳои фарҳангиву башардӯстонаро ба таври муфассал баррасӣ хоҳанд
кард.
Ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, дорусозӣ,
саноати кимиё, кишоварзӣ, сайёҳӣ, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) таваҷҷуҳи
махсус дода мешавад.
Аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ҳамкорӣ дар бахши нақлиёту
логистика ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои густариши ҷуғрофияи
содироти маҳсулоти ватанӣ мебошад.
Роҳбарони ду кишвар инчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи
байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар поёни нишаст бастаи муҳими санадҳои
дуҷониба оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расад.