Сафари ӯ бо як амали хайр — зиёрат аз мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд оғоз гардид. Оятҳои Қуръон тиловат шуда, барои сулҳу осоиш ва ободии мардуми мо дуо карда шуд.

Ин маҷмаа яке аз зиёратгоҳҳои муҳими ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад. Маҷмааи ёдгорӣ дар маҳалли дафни асосгузори тариқати «Нақшбандия» Баҳоуддини Нақшбанд бунёд шуда, имрӯз мақбара, хонақоҳ, масҷидҳо, некропол ва осорхонаи таърихи тасаввуфро дар бар мегирад.