Роҳбари Ӯзбекистон дар иҷлосияи 13-уми Форуми ҷаҳонии урбанизатсия иштирок намуда, як қатор ташаббусҳои муҳимро ҷиҳати рушди устувори шаҳрҳо ва такмили сиёсати шаҳрсозӣ пешниҳод кард.
Дар ҳошияи форум мулоқотҳо бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва директори иҷроияи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҳалҳои аҳолинишин Анаклаудия Россбах баргузор шуданд.
Пас аз анҷоми барномаи сафар сарвари давлати мо ба шаҳри Тошкент бозгашт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Боку меҳмони олиқадрро вазири фарҳанги Озарбойҷон Адил Керимли ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.