Дар чорабинӣ ҳамчунин Президентҳои Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Садир Ҷапаров, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, Арманистон Ваагн Хачатурян, сарвазирони Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ва Озарбойҷон Али Асадов, инчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.

Дар суханронии худ роҳбари давлати мо, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро барои ташкили муваффақонаи саммит самимона табрик намуда, ғояи асосии онро — «Нигоҳи умумӣ ба ояндаи устувор» — дастгирӣ кард, ки ба вобастагии зичи мушкилоти экологӣ ва зарурати ҳалли муштараки онҳо ишора мекунад.

Бо таъкиди он, ки мулоқот имрӯза идомаи мантиқии муколамаест, ки дар Форуми иқлимии Самарқанд соли гузашта оғоз ёфта буд, Президенти Ӯзбекистон изҳор дошт, ки дипломатияи экологӣ дар Осиёи Марказӣ ба сатҳи сифатан нав баромада, хусусияти пайгирона ва низомӣ пайдо мекунад.

Чӣ хеле ки роҳбари Ӯзбекистон қайд намуд, имрӯз мушкилоти экологиро аз тағйирёбии глобалии иқлим ҷудо баррасӣ кардан имконнопазир аст.

— Суръати гармшавии глобалӣ афзоиш меёбад ва дар Осиёи Марказӣ ҳарорат ду маротиба тезтар боло меравад. Қариб сеяки пиряхҳои минтақа аз байн рафтааст, низоми боришот ноустувор шудааст ва норасоии захираҳои об афзоиш меёбад. Таназзули замин аллакай 80 миллион гектарро фаро гирифтааст, — изҳор дошт сарвари давлати мо.

Ҳамчунин нигаронӣ аз коҳиш ёфтани ҳамбастагии глобалии экологӣ баён гардид. Зарурати таъмин намудани дастрасии саривақтӣ ва одилонаи кишварҳои рушдёбанда ба маблағгузории иқлимӣ, технологияҳои пешрафта ва навовариҳо таъкид шуд.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро ба сатҳи авлавиятҳои асосии ҳамкории минтақавӣ бароранд. Инро қабули як қатор барномаҳои стратегии минтақавӣ дар самти «рӯзномаи сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тасдиқ мекунад.

Роҳбари давлат ба тадбирҳои низомноке, ки дар Ӯзбекистон барои таъмини устувории экологӣ амалӣ мешаванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.

Дар доираи лоиҳаи «Яшил макон» тақрибан 1 миллиард дарахту бутта шинонда шудааст, дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал беш аз 2 миллион гектар ҷангалзор бунёд гардидааст ва «камарбандҳои сабз» ташкил мешаванд. Бо ташаббуси мо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи амалҳо оид ба ҷангалшинонӣ ва барқарорсозии ҷангалҳо» қабул гардид, қайд намуд ӯ.

Ҳамчунин, дар натиҷаи тадбирҳои васеи сарфаи об ҳар сол 10 миллиард метри мукааб об сарфа мегардад. Ҳиссаи энергетикаи «сабз» дар иқтидори умумии истеҳсолӣ ба 30 фоиз расида, то соли 2030 аз 50 фоиз зиёд хоҳад шуд.

Ӯзбекистон ӯҳдадориҳои худро дар доираи Созишномаи Париж оид ба коҳиши партовҳо ба андозаи 35 фоиз пеш аз муҳлат иҷро намуда, ҳадафи нав гузоштааст то соли 2035 онҳоро то нисф кам кунад.

Лоиҳаҳои истеҳсоли энергия аз партовҳо низ фаъолона амалӣ мешаванд. Имсол ду корхонаи нави сӯзонидани партовҳо ба кор медароянд ва дар ду соли оянда боз 9-тои дигар сохта мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки ҳар сол 5,5 миллион тонна партов коркард шуда, 2,2 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол ва партовҳои газӣ ба беш аз 1 миллион тонна коҳиш дода шаванд.

Дар идома Президенти Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Бо дарназардошти бад шудани сифати ҳавои атмосфера, пешниҳод гардид, ки консорсиуми байнидавлатии «Ҳавои тозаи Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад, ки метавонад ҳамчун оператори муштараки маблағгузории «сабз» бо мақсади навсозии саноат ва ҷорӣ намудани низомҳои тозакунии партовҳо фаъолият намояд.

Президент пешниҳод кард, ки ба Маркази мубориза бо биёбоншавӣ, пешгирии хушксолӣ ва огоҳсозии бармаҳал аз тӯфонҳои қуму чанголуд дар назди Донишгоҳи «сабз»-и Тошканд мақоми минтақавӣ дода шавад. Қайд гардид, ки муттаҳидсозии иқтидори илмӣ дар заминаи ин марказ имкон медиҳад, ки низоми пурқуввати мониторинги таназзули замин ва партовҳои намакӣ-чанголуд таъсис дода шавад.

Барои тезонидани гузариши технологӣ ташаббуси таъсиси «Долони савдои сабзи Осиёи Марказӣ» бо ҷорӣ намудани низомҳои имтиёзноки гумрукӣ ва эътирофи мутақобилаи сертификатҳои маҳсулоти экологӣ пешниҳод шуд.

Зарурати таъсиси Портфели ягонаи сармоягузории лоиҳаҳои иқлимии Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки ба кишварҳо имкон медиҳад бо стратегияи ягонаи рушди минтақа баромад карда, таваҷҷуҳи шариконро барои татбиқи онҳо бештар намоянд.

Ҳамчун заминаи муҳими илмӣ-таҳлилӣ, ки равандҳои биёбоншавӣ, таназзули замин ва вазъи захираҳои обиро дар минтақа ба таври равшан инъикос мекунад, пешниҳод шуд, ки Атласи ягонаи минтақавии тағйироти муҳити зист таҳия гардад.

Барои ҳифзи гуногунии биологӣ пешниҳод шуд, ки бо ҳамоҳангсозии дафтари минтақавии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Тошканд «Китоби сурхи Осиёи Марказӣ» таҳия карда шавад,.

Бо мақсади пешбурди рӯзномаи иқлимӣ ва фарҳанги экологӣ дар байни насли наврас, омодагӣ барои баргузории Форуми ҷаҳонии ҷавонон оид ба иқлим дар соли 2027 дар Ӯзбекистон изҳор гардид.

Дар анҷоми суханронӣ, роҳбари Ӯзбекистон ҳозиринро ба иштирок дар кори Ассамблеяи 8-уми Фонди ҷаҳонии экологӣ ва Форуми ҷаҳонии сарфаи об, ки имсол дар шаҳри Самарқанд баргузор мешаванд, даъват намуд.