Дар чорабинӣ беш аз 200 намояндаи мақомоти расмӣ ва доираҳои
соҳибкорӣ, роҳбарони корхонаҳои пешрафтаи саноатӣ ва тиҷоратии ду кишвар
иштирок карданд.
Ҷониби Сербияро ширкатҳое чун «Галеника», «Абела Фарм»,
«Гоша Фом», «Юмко», «Лусс Текстиль» ва бисёр ширкатҳои дигар намояндагӣ
карданд.
Роҳбари давлати мо дар суханронии худ таъкид кард, ки
музокироти пурсамари дар сатҳи олӣ баргузоршуда дар муносибатҳои дуҷониба саҳифаи
навро боз намуд. Натиҷаи
асосии ин музокирот барқарор шудани шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Сербия
гардид.
Қарор
аст ҳаҷми савдои мутақобила тавассути васеъ намудани номгӯи молҳои содиротиву
воридотӣ ва содда кардани расмиёти гумрукӣ чанд баробар афзоиш дода шавад. Бо
мақсади рушди ҳамкориҳои саноатӣ Нақшаи муштараки чорабиниҳо барои солҳои
2026–2028 қабул гардид.
Президенти Ӯзбекистон самтҳои асосии рушди минбаъдаи
шарикии иқтисодиро муайян намуд. Ташкили истеҳсоли муштараки маҳсулоти нассоҷӣ
ва электротехникӣ, қисмҳои автомобилӣ ва саноатӣ, маҳаллисозии истеҳсоли
доруворӣ, коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои
таъминоти барномавӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи онҳост.
Роҳбари Ӯзбекистон омодагии худро барои фароҳам овардани
шароити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ барои тиҷорати Сербия дар кишвар,
инчунин расонидани кумаки амалӣ дар татбиқи ҳар як лоиҳаи муштарак изҳор намуд.
Дар натиҷаи чорабинӣ як қатор созишномаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ
ва шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.