Пеш аз ҳама, мехоҳам ба
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои ташаббуси
баргузории Ҳамоиши минтақавии экологӣ, инчунин барои дар сатҳи баланд ташкил
кардани он ва меҳмондории гарму самимӣ изҳори сипос намоям.
Ӯзбекистон ғояи асосии ҳамоиш
– «Нигоҳи муштарак барои ояндаи устувор»-ро, ки вобастагии амиқи мутақобилаи
хатарҳои экологӣ ва зарурати ҳалли муштараки онҳоро ифода мекунад, пурра
дастгирӣ менамояд.
Мулоқоти имрӯза идомаи мантиқии
гуфтугӯест, ки соли гузашта дар Форуми иқлимии Самарқанд оғоз гардида буд. Боиси
хушҳолист, ки дипломатияи экологии давлатҳои Осиёи Марказӣ ранги бонизом ва пайваста
гирифта, аз лиҳози сифат ба марҳилаи нав мебарояд.
Муҳтарам иштирокдорони саммит!
Имрӯз мушкилоти экологиро дар вазъи
алоҳида аз тағйирёбии глобалии иқлим наметавон баррасӣ кард.
Суръати гармшавии глобалӣ идома дорад,
дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, ҳарорат ду баробар зудтар боло меравад. Қариб
аз се як ҳиссаи пиряхҳои минтақа аз байн рафтаанд, ноустувории боришот мушоҳида
мешавад ва норасоии захираҳои об афзоиш меёбад. Аллакай 80 миллион гектар замин
ба деградатсия дучор шудааст.
Суст шудани ҳамбастагии глобалии
экологӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад. Эъломия ва даъватҳо бо захираҳо мустаҳкам
карда намешаванд. Кишварҳое, ки ба тағйирёбии иқлим аз ҳама кам таъсир
мерасонанд, дар назди оқибатҳои он яккаву танҳо мемонанд.
Мо боварии комил дорем, ки ҳамбастагии
байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бояд дар таъмини кишварҳои рӯ ба рушд бо дастрасии
саривақтӣ, одилона ва бидуни монеа ба маблағгузорӣ, технологияҳои пешрафта ва
инноватсияҳо, ки ба тағйирёбии иқлим марбутанд, зоҳир гардад.
Бо қаноатмандӣ қайд мекунем, ки давлатҳои
Осиёи Марказӣ тавонистанд масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро ба яке аз самтҳои
асосии ҳамкориҳои минтақавӣ табдил диҳанд. Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз
барои Осиёи Марказӣ», Стратегияи минтақавӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим
ва Барномаи минтақавии ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор намунаи чунин ҳамкорӣ
мебошанд.
Қабули Эъломияи «Ҳамбастагии экологӣ дар
Осиёи Марказӣ», инчунин Барномаи ҳаракатҳо, ки то соли 2030 пешбинӣ шудааст ва дар
ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ амалӣ мегардад, ба кори муштараки мо саҳми муҳим хоҳад
гузошт.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Ӯзбекистон бобати ташаккули устувории экологӣ
чорабиниҳои дақиқ ва бонизомро амалӣ мекунад.
Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» қариб 1
миллиард дарахт ва бутта шинонда шудааст. Дар масоҳати зиёда аз 2 миллион
гектари қаъри хушкшудаи баҳри Аралл ҷангалзорҳо бунёд гардида, «камарбандҳои
сабз»-и нав таъсис дода мешаванд. Бо ташаббуси мо Қатъномаи Ассамблеяи
генералии СММ оид ба «Даҳсолаи амалҳо барои ҷангалсозӣ ва барқарорсозии ҷангалҳо»
қабул гардид.
Дар натиҷаи талошҳои густурда оид ба сарфаи об, мо солона 10
миллиард метри мукааб обро сарфа менамоем. Дар иқтидорҳои тавлиди барқ ҳиссаи
энергетикаи «сабз» аллакай ба 30 фоиз расидааст ва то охири даҳсолаи ҷорӣ аз 50
фоиз бештар хоҳад шуд. Мо уҳдадориҳои худро дар доираи Созишномаи Париж оид ба
коҳиш додани партовҳои зараровар ба 35 фоиз пеш аз муҳлат иҷро намудем ва вазифаи нав гузоштем – то соли 2035 онҳоро ду баробар кам намоем.
Лоиҳаҳо оид ба тавлиди энергия аз партовҳо фаъолона амалӣ мешаванд. Соли ҷорӣ ду корхонаи нави сӯзонидани
партовҳо ба истифода дода мешаванд ва дар давоми ду соли оянда боз 9 корхона
фаъолияти худро оғоз хоҳад кард. Ба
кор даромадани онҳо барои ҳамасола
безарар гардонидани 5,5
миллион тонна партов, истеҳсоли 2,2
миллиард киловатт-соат нерӯи барқ, инчунин баҳри беш аз 1 миллион тонна коҳиш ёфтани ҳаҷми партовҳо имкон медиҳад.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Боварии комил дорам, ки кишварҳои Осиёи
Марказӣ дар баробари мушкилоти иқлим ва экология, бо ба нуқтаҳои нави рушд
табдил додани хатарҳо бояд якҷоя амал намоянд.
Дар ин замина мехоҳам як қатор пешниҳодҳои
мушаххасро ироа намоям.
Якум. Дар шароите, ки сифати ҳавои атмосфера
бад мешавад, таъсиси консорсиуми байнидавлатии «Ҳавои тозаи Осиёи Марказӣ»
метавонад қадами муҳим дар ҳифзи саломатии аҳолии минтақа гардад.
Ин консорсиум метавонад ба оператори
муштараки маблағгузории «сабз» табдил ёбад, ки модернизатсияи саноат ва ҷорӣ
намудани низомҳои тозакунии моддаҳои зарароварро таъмин мекунад.
Дуюм. Пешниҳод менамоям, ки ба Маркази
мубориза бо биёбоншавӣ, пешгирии хушксолӣ ва огоҳсозии бармаҳал аз тӯфонҳои қуму
чанголуд, ки дар назди Донишгоҳи «сабз»-и Ӯзбекистон фаъолият мекунад, мақоми
минтақавӣ дода шавад.
Муттаҳидсозии иқтидори илмӣ дар заминаи
ин марказ имкон медиҳад, ки низоми пурқуввати мониторинги деградатсияи замин ва
тӯфонҳои намакӣ ва чанголуд таъсис дода шавад.
Сеюм. Барои тезонидани равандҳои
гузариши технологӣ, ташаккул додани «Роҳи сабзи тиҷоратии Осиёи Марказӣ»-ро пешниҳод
менамоям.
Ҷорӣ намудани низомҳои имтиёзноки
гумрукӣ ва эътирофи мутақобилаи сертификатҳои экологии маҳсулот имкон медиҳад,
ки истеҳсолот босуръат модернизатсия шуда, рақобатпазирии маҳсулоти мо афзоиш
ёбад.
Чорум. Таъсиси портфели ягонаи
сармоягузории лоиҳаҳои иқлимии Осиёи Марказӣ бояд қадами навбатӣ бошад.
Ин ба мо имкон медиҳад, ки на бо
ташаббусҳои пароканда, балки бо стратегияи ягонаи рушди минтақа амал намоем. Ин
раванд дар навбати худ таваҷҷуҳи шариконро барои татбиқи он бештар мекунад.
Панҷум. Эҷоди атласи ягонаи минтақавии
тағйироти муҳити зист дар Осиёи Марказӣ барои ояндаи минтақаи мо аҳамияти бузург
дорад.
Бовар дорам, ки ин атлас ба як пойгоҳи
бунёдии илмӣ-таҳлилӣ табдил меёбад, ки динамикаи биёбоншавӣ, таназзули хок ва
вазъи захираҳои обро дар минтақа ба таври возеҳ инъикос мекунад.
Шашум. Барои ҳифзи гуногунии биологӣ якҷоя
таҳия кардани «Китоби сурхи Осиёи Марказӣ»-ро пешниҳод менамоем. Дафтари минтақавии
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Тошканд метавонад ҳамчун ҳамоҳангсоз
дар ин раванд фаъолият намояд.
«Китоби сурх»-и минтақавӣ набояд танҳо
рӯйхати намудҳои нобудшаванда бошад, балки бояд ба як платформаи амалӣ барои ҳамкориҳои
муштараки мо дар ин соҳа табдил ёбад.
Ҳафтум. Барои пешбурди рӯзномаи иқлимӣ
ва фарҳанги экологӣ, рушди таълими экологӣ ва ҷалби фаъоли ҷавонон ниҳоят муҳим
аст. Бо ин мақсад, дар доираи анҷумани COP-29, ки дар шаҳри Боку доир гардида
буд, бо иштироки ҷавонони кишварҳои мо Кумитаи машваратӣ оид ба экология таъсис
ёфта буд. Дар асоси ин платформаи кумита соли 2027 дар Ӯзбекистон баргузор
намудани Форуми ҷаҳонии ҷавонон оид ба иқлимро пешниҳод менамоям.
Ҳаштум. Дар доираи пешбурди рӯзномаи
экологӣ, аз 31 май то 5 июни соли ҷорӣ дар Самарқанд Ассамблеяи ҳаштуми Фонди
глобалии экологӣ баргузор мешавад, инчунин дар охири моҳи сентябр Форуми ҷаҳонӣ
оид ба сарфаи об доир мегардад.
Шуморо ба иштироки фаъол дар ин ҳамоишҳои
байналмилалӣ даъват менамоям. Бовар дорам, ки натиҷаҳои онҳо дар татбиқи
ташаббусҳои амалӣ, ки ба рушди устувори кишварҳои мо ва тамоми минтақа нигаронида
шудаанд, саҳми назаррас мегузорад.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Таҳдидҳои муосири экологӣ устувории
кишварҳои моро ба санҷиш мегузоранд.
Татбиқи пурраи ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз қабул
мешаванд, ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо ба хатарҳои рӯзафзуни табиӣ
самаранок мутобиқ шавем, балки онҳоро ба омили муҳими навсозии технологӣ, рушди
иқтисодӣ ва устувории иҷтимоӣ табдил диҳем.
Боварии комил дорам, ки бо такя ба
анъанаҳои деринаи ҳамсоягии нек ва бо нишон додани иродаи қавии сиёсӣ, мо Осиёи
Марказиро ба макони шукуфоии экологӣ ва рушди устувор табдил медиҳем.
Барои
эътиборатон
ташаккур.