Тӯли панҷ соли охир дар мамлакат ҷиҳати ислоҳи муносибатҳои замин корҳои бонизом амалӣ гардиданд. Бахусус, ваколати ҷудо кардани замин аз ихтиёри ҳокимон гирифта шуда, тартиби фурӯши қитъаҳои замин тавассути музояда (ауксион) ҷорӣ гардид. Дар ин давра 616,3 ҳазор гектар замин тавассути музояда ҷудо шуда, ба буҷет 1,4 триллион сӯм даромад ворид гардид.

Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи пайдо шудани соҳибони воқеии замин, даромаде, ки аз ҳар як гектар ба даст меояд, 3 баробар афзуда, ба 50–60 миллион сӯм расидааст. Алҳол дар ин заминҳо ҳар сол маҳсулоти 539 триллион сӯмина парвариш шуда, ба маблағи 2,1 миллиард доллар содирот амалӣ мегардад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳанӯз дар ин соҳа як қатор масъалаҳое низ мавҷуданд, ки бояд ҳал шаванд.

Аз ҷумла, гарчанде замин тавассути музояда ҷудо мешавад, мустақилияти иҷорагирандагон дар истифодаи он ҳанӯз кофӣ нест. Бо ҳамин сабаб 117,6 ҳазор гектар замин то ҳол фурӯхта нашудааст.

Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани низоми нави ба иҷора додани заминҳои кишоварзӣ ва дар соли ҷорӣ тибқи тартиби нав ба музояда баровардани боз 100 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст. Дар ин самт, бахусус, дар истифодаи замин ба пурзӯр намудани ҳавасмандгардонии иқтисодӣ диққати махсус дода мешавад.

Таҷрибае, ки соли гузашта дар заминҳои фурӯхташудаи вилоятҳои водӣ, Ҷиззах, Тошканд ва Қароқалпоқистон ҷиҳати мустақилона ҷойгир кардани намудҳои зироат роҳандозӣ шуд, самараи хуб доданд. Бахусус, соли 2025 аз 20 ҳазор гектар замин дар 16 ҳазор гектар соҳибкорон зироатҳои сердаромад ва содиротиро интихоб ва кишт намуда, барои содироти маҳсулот ба маблағи 150 миллион доллар замина фароҳам оварданд. Густариши минбаъдаи ин таҷриба ва тақдими озодии бештари иқтисодӣ ба истифодабарандагони замин муҳим арзёбӣ шуд.

Барои лоиҳаҳои плантатсияҳои саноатӣ ва чорводорӣ ба музояда гузоштани қитъаҳои замин аз 50 то 500 гектар, дар ин замина танҳо дар соли ҷорӣ дар ҳар як вилоят оғоз бахшидани на кам аз 5 лоиҳаи бузург муайян гардид.

Таъкид кардид, ки барои чунин лоиҳаҳо роҳандозии як қатор дастгирии молиявӣ, аз ҷумла ҷуброн кардани хароҷоти таъминоти об ва нерӯи барқ, ҷудо кардани кредитҳои арзон то 7 сол бо давраи имтиёзноки 3-сола, ҷуброн кардани ставкаи фоизи кредит, то 50 фоизи хароҷоти бастабандии маҳсулотро субсидия намудан дар назар аст.

Дар тақдимот ба масъалаи истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ барои ба даст овардани даромади зиёд аз замин, бахусус татбиқи васеи агротехнологияҳои муосири хориҷӣ диққати махсус дода шуд. Ҳамзамон, зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ин раванд таъкид гардид.

Бахусус, тартиб ва шартҳои ба иҷора додани заминҳои кишоварзӣ ба сармоягузорони хориҷӣ бознигарӣ мешаванд. Минбаъд ба онҳо танҳо тавассути дирексияҳои назди ҳокимиятҳои вилоятӣ, дар доираи лоиҳаҳое, ки ҳаҷми сармоягузории онҳо на камтар аз 10 миллион доллар мебошад, бо шарти ба гардиш овардани заминҳои чарогоҳ, лалмӣ ва аз истифода баромада, механизми иҷораи дуюмдараҷа татбиқ мешавад.

Инчунин таъкид шуд, ки дар музояда барои гирифтани заминҳои кишоварзӣ танҳо деҳқонон ва соҳибкорони маҳаллӣ бояд иштирок намоянд. Заминҳои мудофиа, сарҳадӣ, таърихию фарҳангӣ ва фонди ҷангал танҳо ба шаҳрвандони кишвар дода мешаванд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки муҳлати иҷораи замин барои ҳамаи навъҳои замин, аз ҷумла барои сармоягузорони хориҷӣ, ки лоиҳаҳои саноатӣ ва сохтмонӣ амалӣ мекунанд, то 49 сол муайян карда шавад.

Ҳоло муҳлати иҷораи тақрибан 100 ҳазор гектар замин ба анҷом расидааст. Дар робита ба ин, соҳибкорон пешниҳод менамоянд, ки ин заминҳоро дубора дар музояда нагузошта, тартиби қулай ва шаффофи дароз кардани муҳлати иҷора ҷорӣ карда шавад. Дар тақдимот пешниҳод гардид, ки ин раванд тавассути марказҳои хидматҳои давлатӣ ва платформаҳои электронӣ амалӣ шуда, низомҳои кадастр, кишоварзӣ ва адлия ба ҳам муттаҳид карда шаванд ва дар сурати набудани эътирозҳо, муҳлати иҷора барои заминҳои кишоварзӣ то 30 сол ва барои заминҳои ғайрикишоварзӣ то 49 сол тамдид карда шавад. Инчунин, муқаррар карда мешавад, ки шартномаи иҷора танҳо дар ҳолатҳои қарздорӣ аз андоз ё иҷора, баҳси судӣ ё сохтмони ғайриқонунӣ ба муҳлати нав дароз карда намешавад.

Ҳамчунин, то ҳол ба шакли коғазӣ анҷом ёфтани равандҳои вобаста ба тағйир додани тоифаи замин ва ҳисоб кардани пардохтҳои ҷубронӣ танқид карда шуд. Ин дар навбати худ боиси тӯл кашидани муҳлати тавофуқ ва қабули қарор, инчунин, норозигии сармоягузорон мегардад. Аз ин рӯ, вазифа гузошта шуд, ки ҳамаи равандҳо рақамӣ гардонда шуда, низоми баҳодиҳии самаранокии истифодаи замин дар асоси як қатор меъёрҳо, аз қабили истифодаи мақсаднок, самаранокии об ва сифати хок роҳандозӣ шавад.

Зарурати васеъ кардани имкониятҳои истифодаи ҳуқуқи иҷораи замин ҳамчун воситаи молиявӣ таъкид гардид ва гуфта шуд, ки шароит барои истифодаи онҳо ҳамчун гарав на танҳо барои гирифтани кредитҳои тиҷоратӣ, балки барои лизинг, ипотека ва кафолатҳои бонкӣ низ фароҳам оварда шавад. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки тартиби ҳамчун замини холӣ ба ҳисоб гирифтани қитъаи замин содда карда шуда, ҳангоми аз нав ба иҷора додани заминҳо пулакӣ ё ройгон баста шудани шартномаҳо ба таври дақиқ муайян гардад. Бо назардошти ин, чораҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қонуншиканиҳои марбут ба харидуфурӯши замин бознигарӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, ба масъалаи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар самти назорати замин низ диққати махсус дода шуд. Бахусус, таъкид гардид, ки ҷавобгарӣ барои худсарона ишғол кардани замин на танҳо нисбат ба заминҳои обёришаванда, балки бояд нисбат ба ҳамаи намудҳои қитъаҳои замин татбиқ гардад.

Инчунин, пешниҳод гардид, ки ҳангоми тағйир додани категорияи замин барои сохтмони роҳҳои оҳан, роҳҳои автомобилгард, фурудгоҳҳо, аэродромҳо, иншооти аэронавигатсионӣ ва объекту шабакаҳои обӣ, пардохтҳои ҷубронӣ бекор гардида, ҳангоми гирифтани замин барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ аз ҷубронпулиҳо андоз ситонида нашавад.

Таъкид гардид, ки дар оянда ба иҷорагирандагони заминҳои кишоварзӣ тавассути 13 дирексия дар минтақаҳо ва ба соҳибкороне, ки дар заминҳои ғайрикишоварзӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ мекунанд – тавассути 14 ширкати сармоягузорӣ хидмат расонида шуда, ин ташкилотҳо аз рӯйи самтҳои худ байни мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон вазифаи “пул”-ро иҷро мекунанд.

Сарвари давлат ба масъулон аз рӯйи ба марҳилаи нав баровардани ислоҳоти замин, афзунсозии самарадории истифодаи замин, офаридани низоми боз ҳам шаффофу фаҳмо барои соҳибкорон, инчунин, суръат бахшидани рақамисозии соҳа дастурҳои дахлдор дод.